COVID-19. Ба ғайр аз занҳои ҳомила ва дорои кӯдакони ширмак, гирифтани ваксина ба шахсони аз 18-сола боло ҳатмӣ мебошад

Июль 8, 2021 09:41

 ДУШАНБЕ, 08.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Занҳое, ки кӯдакони ширмак доранд ё ҳомиладоранд, нафароне, ки дар онҳо баландшавии ҳарорат, хуруҷи бемориҳои музмин ва сироятӣ мушоҳида мешавад,  ваксинатсияи зидди бемории COVID-19   ба таъхир гузошта мешавад.  Ғайр аз шахсони зикршуда  гирифтани ваксина  ба дигар  шаҳрвандони аз 18-сола боло ҳатмӣ мебошад. Нафароне, ки ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус нагирифтаанд,  ҳатман ба табибони оилавӣ ва ё ба муассисаҳои тандурустии маҳали зисташон муроҷиат намоянд.  Ваксина ба шаҳрвандони мамлакат тариқи ройгон гузаронида мешавад.

Дар ин бора сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ,  ҳолатҳои фавқулода ва кумаки фаврии тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз Ҷафаров ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

«Инчунин нафароне, ки   дар давраи ваксинагирӣ ба COVID-19    сироят ёфтаанд пас  аз гузашти 6 моҳ баъд аз барқарор гардидани саломатӣ ваксина мегиранд»,- афзуд Наврӯз Ҷафаров.

Ба зикри номбурда, илми муосир собит намудааст, ки ягона роҳи мубориза бо бемориҳои сироятӣ ваксинатсия маҳсуб мешавад.  Аз ин рӯ, шаҳрвандонро зарур аст барои мустаҳкам намудани масунияти бадани худ аз ваксинаҳое, ки мавҷуд ҳастанд истифода намояд.

Тазриқи ваксинаҳо бар зидди бемории COVID-19  1 ё 2 маротиба буда, ҳоло дар дастрасии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ваксинаи «AstraZeneca» ва «CoronaVac» мавҷуд мебошад, ки 2 маротиба истифода мешаванд. Тибқи дастурамалҳо муайян шудааст, ки дар аввал ваксинае, ки истифода карда шуд, маротибаи дуввум низ аз ҳамон ваксина бояд истифода бурда шавад.

Ёдовар мешавем, ки то  7 июли соли равон дар Тоҷикистон 339  ҳазору 749 нафар шаҳрвандон ба ваксинатсия зидди бемории коронавируси нави COVID-19 фаро гирифта шуданд. Инчунин вояи дуюми ваксинаро то санаи зикргардида  беш аз 19  ҳазору 136 нафар шаҳрвандони мамлакат гирифтаанд.

Дар ин росто зикр  кардан ҷоиз аст, ки тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзўр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки   3 июл ба нашр расид, ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус барои шаҳрвандони синни аз 18 сола болои мамлакат ҳатмӣ мебошад.

АКС: аз бойгонӣ

Июль 8, 2021 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон