Дар кӯчаи ба номи Бобоҷон Ғафурови шаҳри Турсунзода 1000 метр ҷӯйбор бетонӣ гардонида шуд

Июль 21, 2021 10:35

ДУШАНБЕ, 21.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар кӯчаи ба номи Бобоҷон Ғафурови  шаҳри Турсунзода 1000 метр ҷӯйбор бетонӣ гардонида шуд. Амали мазкур  дар ин кӯча ва дигар минтақаҳои шаҳр идома дорад.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар шаҳр  бо мақсади дар сатҳи баланд  пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои сохтмонӣ дар   иншооти ҷашнӣ,  амалҳои ободонӣ, аз ҷумла таъмири роҳу ҷӯйборҳо вусъати тоза гирифта, муташаккилона идома  доранд.

Соли равон дар шаҳри Турсунзода мумфаршкунии 30 км роҳҳои байнидеҳавӣ ба нақша гирифта шуда, корҳо дар ин самт  низ вусъат меёбанд.

Сокинони  ба нангу номуси шаҳри Турсунзода  изҳор доштанд, ки «ҳамчун фарзанди арзандаи ин сарзамин талош менамоем, ки  ҷашни фархундаи миллат — 30-солагии Истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои беназир пешвоз гирем,  азм дорем,  шурӯъ аз остонаи хонаводаи хеш, кӯча, маҳалла, гузар, деҳа ва дар маҷмӯъ шаҳри азизамон – Турсунзодаро  дастаҷамъона обод созем, тозагии мавзеъҳо, ҷуйборҳо, чашмаҳо, кӯчаву хиёбонҳоро таъмин намоем».

Ёдовар мешавем, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода сохтмони 310 иншооти дорои аҳамияти ҷамъиятиву ҷумҳуриявӣ ба нақша гирифта шудааст.

То  имрӯз дар шаҳри Турсунзода  иншооти таъйиноти  гуногун, аз ҷумла  сардхонаҳо,  хатҳои  оби нӯшокӣ дар ҷамоатҳои деҳот,  майдонҳои варзишӣ, марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, коргоҳҳои дӯзандагӣ ва ҳаммомҳои замонавӣ  мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.

Июль 21, 2021 10:35

Хабарҳои дигари ин бахш

РӮЗИ ФАРҲАНГИ НОҲИЯИ ҚУБОДИЁН. Барномаҳои рангини фарҳангиву фароғатӣ таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ба худ ҷалб намуд
РӮЗИ ФАРҲАНГИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Аз маҳсулоти кишоварзӣ то ҳунарҳои мардумӣ муаррифӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик корҳои созандагию ободонӣ вусъат меёбанд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Симои ноҳияи Дӯстӣ ба куллӣ дигаргун гардидааст
МАРҲАБО БА ТАНТАНАҲОИ ИСТИҚЛОЛ. Имрӯз дар пойтахт Рӯзҳои фарҳангии шаҳри Турсунзода ва ноҳияҳои Қубодиёну Рӯдакӣ баргузор мегардад
Дар шаҳри Хуҷанд оид ба нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди забони давлатӣ вохӯрӣ доир шуд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон оид ба омодагӣ ба истиқболи ҷашни таърихии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ машварати корӣ доир намуданд
Дар Тоҷикистон нахустин неругоҳи бодӣ бо иқтидори 200 киловатт ба истифода дода мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Панҷакент 1076 иншоот сохта ба истифода дода шудааст
СОЛИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳри Истаравшан таъмир гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ китоби «Хуттали Қадим» аз чоп баромад
«Истиқлоли давлатӣ, озодиҳои эътиқодӣ ва оинҳои миллӣ». Таҳти ин унвон конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид