ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби духтарони навраси Тоҷикистон дар Чемпионати CAFA-2021 мақоми сеюмро ишғол кард

Июль 8, 2021 13:48

ДУШАНБЕ, 08.07.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Дар шаҳри  Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ байни дастаҳои занонаи наврасони то 17-сола ба анҷом расид. Дар  мусобиқа дастаи мунтахаби духтарони наврасони Тоҷикистон ҷои сеюмро ишғол кард. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар даври ниҳоии Чемпионати CAFA-2021 дастаи мунтахаби духтаронаи наврасони то  17- солаи Тоҷикистон аз  дастаи мунтахби духтаронаи наврасони то  17- солаи  Эрон бо ҳисоби 0:3 мағлуб шуд ва дастаи мунтахаби  наврасони   Ӯзбекистон бар дастаи мунтахаби духтаронаи наврасони то  17- солаи Афғонистон бо натиҷаи калони 8:0 дастболо шуд.  Ҳамин тариқ, пас аз натиҷагирии се давр, дастаи мунтахаби духтаронаи наврасони то  17- солаи Ӯзбекистон ҳафт хол ба даст овард ва ғолиби чемпионати CAFA-2021 гардид. Медалҳои нуқра насиби дастаи мунтахаби духтаронаи наврасони то  17- солаи Эрон шуд. Дастаи мунтахаби духтаронаи наврасони то  17- солаи Тоҷикистон бо чор имтиёз дар ҷадвали мусобиқа сеюм шуд.

Қобили зикр аст, ки дар маросими ҷамъаст Котиби генералии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ Улуғбек Каримов, Ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Дилшод Ҷуразода ва дабири кулли ФФТ Давлатманд Исломов ширкат намуда, ба ғолибон ҷаоизаҳоро тақдим намуданд.

Ёдовар мешавем, ки   дар даври дуюми Чемпионати CAFA-2021 дастаи мунтахаби духтаронаи наврасони Тоҷикистон   бар дастаи мунтахаби духтаронаи наврасони то  17 -солаи Афғонистон бо ҳисоби 5: 2 пирӯз шуда буд.

Июль 8, 2021 13:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Рамазон Ҷумаев ва Анӯшервон Назарзода соҳиби унвони қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Душанбе гардиданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Нуробод иншооти нави таълимӣ, варзишӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардид
Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XX Осиёӣ иштирок менамоянд
Дар Олмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи муштараки футбол доир шуд