Захираи маҳсулоти кишоварзӣ барои солҳои 2021-2022 аз нимаи моҳи сентябр оғоз мешавад
ДУШАНБЕ, 21.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Барои зимистони солҳои 2020-2021 пиёз ба миқдори 1315 тонна, картошка 785 тонна ва сабзӣ 146 тонна захира гардида буд. Айни замон барои зимистони солҳои 2021-2022 дар анбор ва сардхонаҳо корҳои омодакунӣ ҷараён дошта, аз нимаи моҳи сентябри соли равон то охири моҳи моҳи ноябр захираи маҳсулоти мавриди ниёзи аввал анҷом дода мешавад. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ муовини раиси Иттифоқи «Тоҷикматлубот» Хуршед Раҳмонализода ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Мавсуф иброз дошт, ки айни замон ҷамъияти «Тоҷикматлубот» бо истифода аз мошинҳои сайёр ярмаркаҳо ташкил намуда, ба сокинони пойтахт маҳсулоти кишоварзӣ пешниҳод менамояд.
«Дар соҳаи кооператсияи матлуботи ҷумҳурӣ барои захираи маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияҳои Фирдавсии шаҳри Душанбе, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Исфара 52 адад анбор ва 3 адад сардхонаҳо фаъолият менамоянд»,-зикр намуд Хуршед Раҳмонализода.
Ҳамчунин зикр гардид, ки даромади умумии ҷамъият ба 56,2 млн сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 13,5 млн сомонӣ зиёд мебошад.








ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад






