Тоҷикистон дар миқёси ИДМ зинаи баландтаринро касб намуд
ДУШАНБЕ, 28.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз афзоиш ёфтани суръати истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар кишвар дар соли равон хабар медиҳад.
Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир имрӯз дар Душанбе дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, ки тибқи маълумоти омори расмӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миқёси кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаш моҳи соли равон аз лиҳози афзоиши суръати истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, ки 21,5 фоизро ташкил медиҳад, зинаи баландтаринро касб намудааст. Дар ин раддабандии суръати афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ баъд аз Тоҷикистон Беларус ва Молдова бо зиёда аз 11-фоизӣ ва Узбекистон бо 8,2 фоиз қарор доранд. Инчунин тибқи маълумот, суръати афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Чин дар шаш моҳи соли равон 15,9 фоизро ташкил додааст.
Шералӣ Кабир афзуд, ки дар шашмоҳаи аввали соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон ба зиёда аз 16,6 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 123, 4 фоизро ташкил дод. Он ба маблағи беш аз 3,5 миллиард сомонӣ зиёд мебошад. Ҳиссаи соҳаҳо дар таркиби ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шашмоҳаи аввали соли равон 33,2 фоиз ба саноати маъдан, 24 фоиз ба электроэнергия, беш аз 18 фоиз ба саноати хӯрокворӣ, 4,6 фоиз ба саноати сабук, 9 фоиз ба саноати сохтмон, 7 фоиз ба саноати мошинсозӣ, 0,8 фоиз ба саноати ангишт, 0,6 фоиз ба саноати табъу нашр ва 0,4 фоиз ба саноати нафту газ рост меояд.
АКС аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон








Байни сохторҳои мониторинги молиявии Тоҷикистону Русия ду санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар доираи COP31 Тоҷикистон, Умон ва Непал роҳҳои ҳалли мушкилоти обу иқлимро баррасӣ карданд
Соли 2027 дар гузаргоҳи гумрукии ноҳияи Спитамен сохтмон ва насби таҷҳизоти сканкунии борҳо оғоз мегардад
Ҷаласаи 45-уми пленарии Гурӯҳи Авруосиё ба таъмини амнияти иқтисодию молиявӣ мусоидат менамояд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди вазирони Осиёи Марказӣ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе беш аз 3,5 кило маснуоти тиллоӣ мусодира карда шуд
Фонди иқлими сабз барои рушди соҳаи тандурустии Тоҷикистон 2 миллион доллар ҷудо менамояд
Лоиҳаи «Барномаи нави саноатикунонии босуръати Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия гардидааст
Масъалаҳои баргузории Форуми B5+1 дар Душанбе баррасӣ шуданд
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ оид ба мубориза бо биёбоншавӣ пешниҳод намуд, ки соли 2027 миссияи техникӣ ташкил карда шавад
Бо сабаби фаъолият накардани корхонаи «Хишти Тоҷикобод» сокинон ин масолеҳи сохтмониро аз Душанбе ва Ваҳдат бо роҳкирои гарон ворид менамоянд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» ба маблағи беш аз 1 миллион сомонӣ кору хизматрасонӣ анҷом дода шуд






