Дилафрӯз Саидӣ бо медали тиллои «Барои кори навоварона дар соҳаи маориф»-и Федератсияи Русия қадрдонӣ гардид

Август 27, 2021 14:05

ДУШАНБЕ, 27.08.2021/АМИТ «Ховар»/. Ректори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд  Дилафрӯз Саидӣ бо медали тиллои «Барои кори навоварона дар соҳаи маориф» (За инновации в области образования)-и Федератсияи Русия қадрдонӣ гардид, иттилоъ медиҳад  АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд.

26 август дар Муассисаи давлатии «Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ» бахшида ба ҷашни бузурги миллӣ- 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ — амалӣ таҳти унвони «Тоҷикистон дар шоҳроҳи Истиқлол» баргузор гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни баргузории конфронси илмӣ-амалӣ дар вазъияти тантанавӣ мукофоти мазкурро ба Дилафрӯз Саидӣ тақдим намуд.

Медали тиллои «Барои кори навоварона дар соҳаи маориф» ба Дилафрӯз Саидӣ аз рӯйи натиҷаҳои озмуне, ки аз ҷониби Академияи бисёрсоҳавии таҳсилоти давомдори Федератсияи Россия барои фаъолияти навоварона дар соҳаи маълумоти олӣ эълон шуда буд, тақдим гардид. Дилафрӯз Саидӣ бо пешниҳоди беш аз 30 шаҳодатномаи илмии донишкада, ки бештарашон дар соҳаи илмҳои техникӣ мебошанд, аз миёни тамоми муассисаҳои олии кишварҳои ИДМ ғолиби озмун дониста шудааст.

Чунин медали тилло бори нахуст ба яке аз роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супурда шуда, ҳадаф аз он ҳавасмандсозии роҳбарони макотиби олӣ ва омӯзгорони навовар дар ташаккул ва муаррифии илм ва мудирият (менеҷмент)-и муосир мебошад.

Дилафрӯз Саидӣ номзади илмҳои техникӣ, дотсент ва узви вобастаи  Академияи илмҳои муҳандисии Тоҷикистон мебошад. Мавсуф рисолаи номзадиашро аз рӯи илмҳои техникӣ дар Русия ҳимоя кардааст.

АКСҲО аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва манбаъҳои боз

Август 27, 2021 14:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд