Имрӯз дар Душанбе мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ доир гардид

Август 24, 2021 18:00

ДУШАНБЕ, 24.08.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳайати Бонки ҷаҳониро таҳти роҳбарии Директори минтақавии Бонк дар кишварҳои Осиёи Марказӣ хонум Татяна Проскурякова ба ҳузур пазируфтанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иттилоъ доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо ин созмони бонуфузи молиявии ҷаҳон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Маҳаки асосии вохӯриро масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба дар самти обтаъминкунӣ ва корезӣ, инчунин рушди низоми рақамӣ дар шаҳри Душанбе  ташкил доданд.

Дар вохӯрӣ ҷаноби Озан Севимли ба ҳайси Намояндаи нави доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ гардид.

Ҷонибҳо раванди татбиқи Лоиҳаи нави обтаъминкунӣ ва корезии шаҳри Душанберо мусбат арзёбӣ карданд.

Дар сурати сари вақт амалӣ намудани лоиҳа беш аз 120 ҳазор нафар аҳолии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз хизматрасонии беҳтаркардашудаи таъминоти об ва корезӣ баҳра бурда, талафоти оби нӯшокӣ  кам мегардад ва шумораи садамаҳо дар шабакаи обрасонӣ ва корезӣ коҳиш меёбад.

Иштирокчиёни мулоқот ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сифати таъминоти оби нӯшокӣ ва раъфи партовҳо атрофи лоиҳаҳои нави ҳамкорӣ дар соҳаи обтаъминкунӣ ва корезӣ табодули назар намуданд.

Дар  ин робита, масъалаи бунёди иншооти нави корезию обтозакунӣ бо иқтидори 500 ҳазор метри мукааб дар як шабонарӯз ва сохтмони «Иншооти обтозакунии Варзоб» бо иқтидори 275 ҳазор метри мукааб дар як шабонарӯз муҳокима гардид.

Ҷонибҳо ҳамчунин мавзӯоти марбут ба ҳамкориҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Бонки ҷаҳониро дар самти татбиқи босамари лоиҳаҳои банақшагирифтаи Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart City)» баррасӣ намуданд.

Иштирокчиёни вохӯрӣ қарор доданд, ки минбаъд низ ҳамкории барои ҳар ду ҷониб муфидро дар соҳаҳои барои тарафайн мусоид идома дода, лоиҳаҳои нави муштаракро   роҳандозӣ намоянд.

Дар мулоқот дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ гардид.

АКСҲО: АМИТ «Ховар»

Август 24, 2021 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
Дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ташкил карда мешавад
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарон ҷамъбаст шуд
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Озмуни ноҳиявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид
«МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ». Дар Душанбе Рӯзи модарро ботантана таҷлил намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Маросими қадршиносии беҳтаринҳо дар соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баргузор гардид
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши идонаи фарҳангӣ – фароғатӣ доир шуд
УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Боку тақвият меёбад