Қарори Раиси шаҳри Душанбе дар бораи ҷудо намудани маблағ ба иштирокчиёни ҶБВ ва ятимони кулли мактаб-интернат барои кӯдакони ятим ва бепарастори шаҳри Душанбе ба имзо расид

Сентябрь 4, 2021 10:29

ДУШАНБЕ, 04.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар бораи ҷудо намудани маблағ ҷиҳати расонидани кумаки моддӣ ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, шахсони ба онҳо баробаркардашуда, ятимони кулли муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии мактаб-интернат барои кӯдакони ятим ва бепарастори шаҳри Душанбе  дар арафаи таҷлили ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз мақомоти иҷоияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дар асоси ин Қарор раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе вазифадор гардиданд, ки дар арафаи таҷлили ҷашни 30-солагии Истиклолияти давлатӣ аз ҳисоби сарпарастон, фондҳои хайрия ва дигар сарчашмаҳои маблаггӯзорӣ, дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ расонидани кӯмаки моддӣ ба тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳо ва шахсони яккаву танҳо тадбирҳо андешанд.

Бояд гуфт, ки ғамхорӣ дар ҳаққи ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат, шахсони ниёзманад ва дастгирии онҳо дар сиёсати иҷтимоии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои муҳим буда, дар тамоми қаламрави мамлакат гурӯҳои зикршудаи аҳолӣ аз ҳар як иқдому ташаббуси хайрхоҳона ва инсондӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ баҳраманд мегарданд.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Сентябрь 4, 2021 10:29

Хабарҳои дигари ин бахш

35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ — 35 СОЛИ ШУКУФОӢ БО НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ «РОҒУН». Таҳти чунин унвон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Оид ба дастовардҳои соҳаи энергетикаи Тоҷикистон филми мустанад ба навор гирифта шуд
Дар Кувайт ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии расмӣ баргузор гардид
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ ВА НАСЛИ МАН. Ватандӯстӣ аз муносибати инсон ба вазифаи хурди ҳаррӯза сарчашма мегирад
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Дар Тоҷикистон беш аз 100 ҳазор гектар замин ба аҳолии мамлакат тақсим карда шуд
ДУШАНБЕ — ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН. Таҳти ин унвон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ баргузор шуд
Барои рушди соҳаи маорифи ноҳияҳои водии Рашт дар 20 соли охир беш аз 2,1 миллиард сомонӣ равона шудааст
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияҳои водии Рашт 825 иншоот ба истифода дода шуд
Дар вилояти Хатлон 77 фоизи нақшаи содирот иҷро шуд
Оид ба 35 ташаббуси созандаи Президенти Тоҷикистон дар соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар вилояти Суғд шумораи соҳибкорони инфиродӣ бештар гардидааст
ТОҶИКИСТОН ВА ДУРНАМОИ РУШДИ САНОАТИ КӮҲӢ-МЕТАЛЛУРГӢ: аз захираҳои табиӣ то технологияҳои муосир