Гавҳар Шарофзода: Солҳои 90-уми асри гузашта ҳоли Тоҷикистон аз Афғонистони ҳамсоя беҳтар набуд

Сентябрь 8, 2021 08:34

ДУШАНБЕ, 08.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Агар солҳои 90-уми асри гузаштаро пеши назар биёварем, ҳоли доштаи Ватани азизамон аз Афғонистони ҳамсоя беҳтар набуд. Сӣ сол қабл аз ин Тоҷикистон ҳамин ҳолатро дошту мардумаш ҳамин тавр  сарсону саргардон, бе обу нон,  бе хонаву дар, дар ҳасрати он ки кадом ҳамсоя бо муҳаббат дари меҳрро ба рӯяшон боз мекунаду онҳоро ба хонаи хеш даъват менамояд, мезистанд.

Хотироти солҳои 90-уми асри сипаригашта бо бад шудани вазъ дар Афғонистон бори дигар ақлҳои солими аҳли ҷомеаи Тоҷикистонро такон доданд. Дар он замони парокандагӣ хоинон ва душманони миллати тоҷик ният доштанд, ки Ватани азизи моро пора-пора созанд ва миллату давлатро ба нестӣ баранд. Агар ҳушёриву зиракии Президенти маҳбуби кишвар намебуд, диёри биҳиштиамон кайҳо дар коми оташ ва ҷоҳилону ҷаллодон қарор мегирифту мардумаш, ки аз табори бузургони олам ба шумор меравад, дар ғаму андӯҳ ғарқ ва бе ватану бе макону бе хешу ақрабо зору ҳайрон дар чорсӯи зиндагӣ мемонданд. Чунин ибрози андеша намуд вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви  фраксияи ҲХДТ Гавҳар ШАРОФЗОДА зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар».

Дар зер андешаҳои пурраи мавсуф манзур мешаванд.

-Хушбахтона, дар он солҳои мудҳиш фарзандони фарзонаи миллат буданд, ки ин модари азизу муқаддас ва ғамхори моро ҳимоя намуда, аз дасти душманон озод ва аз паи ободиву оромии он камари ҳиммату мардонагиро мустаҳкам бастанд. Хосатан Эмомалӣ Раҳмон- як ҷавони соҳибватан, чун Исмоили Сомонӣ, Рустами достон аз баҳри ҷони ҷавонашон гузашта, худро бар синаи оташи ҷанг андохтанд ва кишвари азизро аз вартаи нобудӣ нигоҳ дошта, 1 000 000  гурезаро аз мулки афғон ба Ватан баргардониданд, ятимонро соҳиб гашта, хонаҳои валангору ба хок яксони ҳамватанонро то ҳадди ақал обод ва мардумро сарҷамъ карданд.

Сарвари давлат, ки аз паи сулҳу оромии диёри биҳиштиамон талош меварзиданд, ҷон ба каф гирифта, барои сарҷамъиву ободию оромии кишвар синаи ҷавони хешро сипари нобакороне карданд, ки мехостанд Тоҷикистонро пора-пора намуда, мардумашро хору залил, парешон, беватан ва ғуломи зердаст созанд. Агар ин талошҳо намебуд, имрӯз сарзамини биҳиштии мо аз ҳоли доштаи ҳамсояамон- Афғонистон бадтар ва мардумаш қашшоқтару саргардону паҳну парешон дар олам мегаштанд ва ормонҳои  ватани ягонаву ободу озод доштанро ба хоки тира мебурданд.

Дар ин ҷанги тарҳрезишудаи хоинони миллат зиёда аз 150 000 нафар кушта шуд, ки дар қатори онҳо 55 000 ятимон буданд, зиёда аз 10 миллиард доллари амрикоӣ ё 111 миллиарду 320 миллион сомонӣ зарари моддӣ аз ҷониби хоинон ба ин сарзамин расонида шуд.  Неруи инсонӣ аз Тоҷикистон фирор мекард. Нафароне Тоҷикистонро тарк карданд, ки умед аз рӯзи беҳи ин диёру мардум надоштанд ва ҳамзамон тавоноии ҳимояи ватан дар қалбашон ҷӯш намезад. Ватанро ба осонӣ ба дасти душман, хоинони миллату сарзамин супорида,  ҷон ба саломат ба мулкҳои дигар ғариб гаштанд, бехабар аз он ки унвони ғарибӣ дар равиши худ беватанӣ низ дорад. Барои ҳар марди худшиносу ватанпараст тарки ватан кардан дар лаҳзаҳои душвор хиёнат ба ватан ба ҳисоб мерафт.

Хушбахтона, имрӯзҳо Тоҷикистон дар қатори ободтарину оромтарину амнтари мамлакатҳои пешрафтаи олам қарор дошта, онро ҳамчун давлати соҳибистиқлол, обод, демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ зиёда аз 200 кишвари ҷаҳон мешиносанд, арҷ мегузаранд ва ҳамкориро дар тамоми самтҳои созандагӣ ба роҳ мондаанд. Аз мактаби сулҳофарини Пешвои муаззами миллати тоҷик панд гирифта, баҳри  орому обод нигоҳ доштани кишварҳои хеш оқилона истифода бурда истодаанд.

Ман хотираҳои солҳои 90-умро саҳифа гардонида,  ин навиштаҳоро пайдо кардам, ки замони донишҷӯӣ аз алам ва дарду ғами миллати парокандаву парешон  месӯхтем, дар ҳасрати он будем, ки оё боз рӯзи беҳро медида бошем? Дар он рӯзҳо аз фурудгоҳ то маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе мисли дигар маҳалҳо дар коми оташ буд, мурдаҳо дар роҳу пайроҳаҳои Душанбе  пурҳасрат хобида буданд, аз тарси ҷон ба берун намебаромадем, дар  навбати нон ҳар рӯз даҳҳо нафар кушта мешуданд, гурезаҳо дар шаҳр беҳисоб, дар хонаҳои мардум макон карда буданд, ҳатто як дучархаеро пайдо карда наметавонистем, ки ҷасадҳоро ба  мурдахонаҳои шаҳраки тиббӣ ва Қарабало расонем…

МУНОҶОТ

Эй осмон, ки дар дилат,

Дар аршҳои баланд, Худо дорӣ

Ман, ки офаридаи ӯям

Ва ӯро мепарастам, дӯст дорам

Бар ӯ бигӯ, ки барф наборад,

Бар ӯ бигӯ, ки имсол сарморо наёрад,

Бар ӯ бигӯ, ки бандагонаш

Бе гӯру бе кафан, дар соҳили дарё

Дар дашту даманҳо

Зору низор мондаанд.

Бар ӯ бигӯ, ки сарморо наёрад.

Эй осмон, эй ки дар дилат Худо дорӣ,

Бар ӯ бигӯ, ки раҳм диҳад бар сагон

То мурдаҳои зору низор монда аз

амвоҷи зиндагиро, пора насозанд.

Бар ӯ бигӯ, ки раҳм диҳад бар дили инсон

То бори дигар ёру бародаршинос шавем,

То бори дигар тарсанд аз Худо

Ё бори дигар Худошинос шавем.

Эй осмон, эй ки дар дилат Худоро дорӣ.

Душанбе, 1993

Мақсад аз ин гуфтаҳо, пеш аз ҳама, он аст, ки ин  хотираҳои таърихи начандон дури миллати баруманду арҷманд ва дар таърих ҷабри бисёрдида аз ёди пиру ҷавони  кишвар зудуда нагарданд.

Зеро дар ин гирдобҳои ҷаҳонӣ, ки ҳар лаҳза чанд фарҳанг, забон ва миллатро аз байн бурда истодааст, замоне фаро расидааст, ки хурду бузурги  кишвари биҳиштиамон  дӯстро аз душман фарқ намуда, аз гузаштаву имрӯзаи сарзамин, аҷдодону ниёгон огаҳ бошанд, зеро Пешвои муаззами миллат хирадмандона  фармудаанд, ки «имрӯз мо бояд шукрона кунем, ки давлати соҳибистиқлол дорем, сарҷамъ ва ором ҳастем”. Бинобар ин, дастовардҳои Истиқлолияти давлатиро бояд ҳамчун гавҳари қиматбаҳо эҳтиёт кунем, ба қадри Ватани озоду мустақил, сулҳу оромӣ расем, ваҳдати миллиро таҳким бахшем ва дар баробари ин, наслҳои навро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва худогоҳиву худшиносӣ тарбия кунем.

Татбиқи ҳадафҳои бузурги умумимиллие, ки дар Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ муайян ва дар саҳифаҳои таърихи навини мардуми сулҳпарвару фарҳангии тоҷик сабт шудаанд, минбаъд низ бо сайъю талоши пайгирона ва заҳмати ҳалолу бунёдкоронаи халқи соҳибмаърифату шарафманди тоҷик амалӣ хоҳанд гашт.

Шубҳае нест, ки ҳар фарди бонангу номуси миллат бо бардоштани сабақи таърихӣ аз ҳодисоти гузаштаи халқамон шукронаи сулҳу суботи сарзаминро ба ҷой оварда, неъмати бебаҳои тақдир-истиқлолияти давлатиро қадр хоҳад кард ва барои таҳкими дастовардҳои он, ободиву осудагии ҳар хонадон ва ҳар гӯшаи Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми содиқона, софдилона ва ватандӯстона хоҳад гузошт.

Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Сентябрь 8, 2021 08:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар вилояти Хатлон давоми ду рӯз бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон беш аз 30 иншооти таъйиноти гуногун ифтитоҳ карда шуд
Дар шаҳри Турсунзода барои бо оби полезӣ таъмин намудани хоҷагиҳо тозакунии каналу заҳбурҳо оғоз гардид
Дар деҳаи Корвони шаҳри Ваҳдат бинои нави муссисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Балҷувон иншооти нави соҳаи маориф бунёд гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Мастчоҳ кӯдакистон, Қасри ҷавонон ва бинои нави беморхона ба истифода дода мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хоруғ Маркази стоматологӣ кушода шуд
Дар Хуҷанд якчанд иншооти хизматрасонӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи «Сайри Суғд»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази нейро-кардию эндоҷарроҳии «Луқмони Ҳаким»-ро мавриди истифода қарор доданд
Дар деҳоти Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров варзишгоҳи бузург бо 7000 ҷойи нишаст ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Истаравшан Маркази саломатӣ ба истифода дода шуд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Муассисаи давлатии мактаби махсуси варзишӣ оид ба футболро ифтитоҳ намуданд