ИМА ба Тоҷикистон 114 ҳазору 660 воя ваксинаи «Pfizer-BioNTech» кумак намуд
ДУШАНБЕ, 20.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади пешгирии бемории COVID-19 аз ҷониби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 114 ҳазору 660 воя ваксинаи «Pfizer-BioNTech» дар чорчӯбаи фаъолияти механизми КОВАКС ва барномаи тақсимоти одилонаи вояҳои ваксинаҳои зидди COVID-19 ҳамчун кумаки башардӯстона ворид гардид.
Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, маросими расмии қабули ваксинаҳои мазкур имрӯз дар Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика баргузор гардид, ки дар он муовинони Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода, Абдухолиқ Амирзода, Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм, Намояндаи Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон Осама Маккави, роҳбари Намояндагии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Олшавски ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.
Зимни маросими қабули ваксинаҳои мазкур муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷиҳати дастгирӣ дар самти пешгирии бемории коронавирус, аз ҷумла ба таври ройгон дастрас намудани ваксинаҳои зидди сирояти мазкур ба мамлакат изҳори миннатдорӣ баён намуд.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки новобаста ба мушкилиҳои пешомада, маҳз дар заминаи равобити дӯстона аз ҷониби шарикон кумакҳои ҳамаҷониба ҷиҳати мубориза ва пешгирии сирояти коронавирус барои дастгирии низоми тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии мамлакат равона мегарданд.
Ваксинаи «Pfizer-BioNTech» дар анбори махсуси Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика нигоҳдорӣ шуда, тамоми шароит ва имконоти мусоид барои нигоҳдории ваксинаҳо фароҳам оварда шудааст.
Илми муосир низ тасдиқ намудааст, ки маҳз бо роҳи ваксинакунонӣ раванди эпидемиологии сирояти нави коронавирусро ҷилавгирӣ кардан мумкин аст ва ин танҳо роҳи боэътимод ва ягонаи осон дар пешгирии паҳншавии сирояти мазкур дар байни аҳолӣ мебошад.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба нақша гирифтааст, ки дар асоси имконоти мавҷуда 62,4 фоиз ва ё 5,8 млн аҳолии аз синни 18-сола болои кишварро ба ваксинатсия фаро гирад.
АКСҲО аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ










Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол – 2026» ҷамъбаст гардид
Байни Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон ва Вазорати идоракунии ҳайати Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
16 СЕНТЯБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КАРДИОЛОГИЯИ ИНТЕРВЕНСИОНӢ. Табобати бемориҳои дилу раг бо истифодаи ҷарроҳиҳои муосир ва бе буриши калон ба куллӣ тағйир ёфтааст
Тоҷикистон ва Британияи Кабир масъалаи таҳия ва имзои санади нави ҳамкориро дар самти пешгирии ҳолатҳои фавқулода баррасӣ карданд
Дар Душанбе роҳҳои нави ҳамкорӣ бо ҷамъиятҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ баррасӣ гардиданд
Тоҷикистон ва Чин робитаҳои илмӣ-таҳлилӣ ва ҳамкории минтақавиро густариш медиҳанд
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Ин озмуни ҷумҳуриявӣ бо мақсади таҳкими фарҳанги оиладорӣ баргузор мешавад
Дар фасли тирамоҳ бемориҳои сироятии мавсимӣ зиёд мешаванд
«БЕҲТАРИН ҲАМСАР». Даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ дар ҷамоатҳо, деҳот ва маҳаллаҳо оғоз шуд
Дар пиряхи Тоҷикистон экспедитсияи байналмилалӣ оид ба навсозии стансияи баландкӯҳи Горбунов гузаронида шуд
МАҚОМИ ЗАН ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ. Давоми сеюним даҳсола мавқеъ ва мақоми зан дар ҷомеа ба куллӣ тағйир ёфт
Дар назди Коллеҷи муҳандисӣ-техникии ноҳияи Нуробод бинои нави таълимӣ ва хобгоҳ сохта мешавад






