«ТОҶИКИСТОН, ҲАМРАДИФИ МЕҲР, ҲАМРАДИФИ ҶОН!». 30 сол дар пеши таърих шояд чизе нест, аммо барои миллати тоҷик он баробари асрҳо баҳо дорад
ДУШАНБЕ, 08.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Истиқлол – ин вожаи нурафшон мафҳумест, ки ба мо, ба миллати мо эҳёи тоза бахшидааст, вожа ва мафҳумест, ки моро аз нав сохтааст, подоши асрҳо барои халқи некманиш ва хайрхоҳу инсонпарвари мо будааст.
Имсол Истиқлоли давлатии Тоҷикистони азизи мо 30-сола мешавад. 30 сол дар пеши таърих шояд чизе нест, аммо барои миллати тоҷик ин 30 сол дар баробари асрҳо баҳо дорад, зеро қариб ҳар рӯзу ҳар соати ин 30 сол як пирӯзӣ, як комёбӣ, як дастоварди дурахшони даврони навини халқу кишвари моро таҷассум сохтааст; зеро дар ин муддати кӯтоҳи таърихӣ халқи тоҷик тавонистааст аз ҳар рӯзу ҳар соати он бо дарки баланди масъулияти ватандорӣ, бо майлу муҳаббати зиёди худшиносии миллӣ ва ҳадафҳои баланди инсонӣ он қадар пурсамар истифода барад, ки ҷуброни асрҳоро барорад. Чунин менигорад Шоири халқии Тоҷикистон, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол НАСРУЛЛО аз бардошту ифтихороти хеш оид ба таҷлили пуршукӯҳи ҷашни бузурги миллӣ — 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
-Яъне, миллати бошарафи мо имрӯз бо сари баланду ифтихори миллӣ, бо Парчами парафшону Нишони давлатӣ, бо забони шевои давлатӣ, бо хуҷастагиҳои зиёди хоси миллӣ дар арсаҳои байналмилалӣ эътироф гардидаву диққати ҷаҳониёнро ба худ ҷалб намудааст. Ин кори осоне набуд, аммо заминаҳои қавии милливу сиёсиву таърихӣ, илмиву адабиву фарҳангӣ, армони ҳазоронсолаи халқи соҳибтамаддун, сабру таҳаммул ва шикастнопазирие, ки миллати мо ҳамеша дар ниҳоди неки инсонии худ доштааст, ба ӯ имкони ин буруз, ин комёбии таърихиро додаанд. Бидуни шубҳа, нақши бузурги халқи заҳматдӯст, фарзандони фарзонаи миллат ва хусусан Пешвои муаззами онро дар ин падидаи таърихӣ наметавон нодида гирифт.
Тоҷикистони азизи мо дар муддати кӯтоҳи таърихӣ дар тамоми самтҳои сиёсиву маънавиву иҷтимоӣ ба комёбиҳое ноил шуд, ки кам касон бовар ба он доштанд. Имрӯз кишвари нозанини мо яке аз осоиштатарин кишварҳои дунёст, ки дар он сулҳу салоҳу дӯстӣ, ишқу муҳаббату ваҳдат ҳукмрон буда, дар тамоми гӯшаҳои, ҳатто дурдасттаринаш, корҳои бузурги созандагиву бунёдкориву шукуфонсозӣ бо маром идома дошта, симои онро ба куллӣ дигар намуда, онро ба гӯшаи биҳиштии сайёра табдил дода истодаанд.
Дастовардҳои хуҷаста ва бесобиқаву таърихии халқи тоҷик дар ин 30 соли соҳибистиқлолӣ моро ба ояндаи неку файзбор ва пурсамари Ватани азизамон умедвор месозанд. Имрӯз вожаи Тоҷикистон ҳамрадифи тинҷиву амонӣ, башардӯстиву хайрхоҳӣ, созандагиву пояндагӣ ва хушбахтӣ садо медиҳад. Сиёсати давлатдории Ҳукумати Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ҳам чунин буд, ки имрӯз обрӯ ва нуфузи кишвари мо дар арсаҳои байналмилалӣ мояи сарфарозӣ ва ифтихори миллии мо буда метавонад. Мардуми олам ба Тоҷикистони шукуфони мо, ба халқи хайрхоҳу некманиши он, ба суннатҳои баланди инсонпарваронаву башардӯстонаи мардумаш бо чашми меҳру муҳаббат менигаранд ва ин худ яке аз дастовардҳои хуҷастаи сиёсати давлатдории мост.
Аз ин рӯ, зиндаву поянда бод Истиқлоли давлатии Тоҷикистони азиз ва халқи куҳанбунёду соҳибтамаддуни он! Мубораку хуҷаста бод 30 соли пур аз пирӯзиҳову дастовардҳои бузурги халқи некбунёду заҳматдӯсту ватанпарвари тоҷик! Ва чунон ки Пешвои муаззами мо фармудаанд:
ТОҶИКИСТОН БА ПЕШ!
Дар зер чанд шеъри Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло манзури хонандагони сомона гардонида мешаванд.
ТУЛӮЪИ ОЗАРИН
Ба сисолагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бахшида мешавад
Вожае саршори нури офтоб
Мебарояд бо тулӯъи озарин
Аз варои қуллаи ихлосу имонам,
Аз сиришти ломаконам,
Аз ситеғи зиндагии пурфиғонам!
Дар самои тираи таърих,
Аз қаъри ҳазоронсола армонам!
Аз паси ин кӯҳи сангине, ки ман сад аср
Будаам дар инҳисораш,
оқибат
Хештанро мераҳонам!
Мераҳонам! Мераҳонам!
Бо дурахши лоязолӣ,
Бо сиришти лоуболӣ!
Вожае, ки нурафшон чун муҳаббат
Медурахшад дар самои безаволӣ.
Вожае, ки дар забонам
Чун асал, чун қанд ширин аст!
Вожае, ки бо ҷилои ранг — ранги ишқ рангин аст!
Вожае, ки бо ҳарири меҳру шодӣ зарҳалин аст!
Вожае, ки сеҳрангез аст!
Вожае, ки атрафшон аст, гулбез аст!
Вожае, ки мисли тӯмори балогардон
Ҷисму ҷонамро ҳафиз аст —
Тоҷикистон! Тоҷикистон! Тоҷикистон!
Тоҷи кист он?
Тоҷи некон! Тоҷи эҳсон!
Тоҷи хайри рӯзгорон!
Тоҷи шодӣ, тоҷи ҳикматҳои даврон!
Тоҷи армони ниёкон
Тоҷи кистӣ? Тоҷикистон!
То-ҷи- кис- тон…,
То-ҷи- кис-тон.., То-ҷи-кис-тон…,
Бишнав аз ин вожа меояд
Чаҳ-чаҳи булбул, навои обшор,
Савти оби ҷӯ, суруди кабки сор…,
Рози гулҳои муаттар,
Ҷилваи ишқи нигор…
Тоҷикистон, эй тулӯъи меҳрбор!
Тоҷикистон, эй азизи ғамгусор!
Эй ҳамеша ҳамрадифи нангу ор!
Эй фурӯғи ишқ дар садҳо навор!
Аз баландои шукӯҳат меҳри ман
Метаровад нарму шево чун навои обшор!
То-ҷи-кис-тон.., То-ҷи- кис- тон..!
Нек бин, дар ҳарф — ҳарфаш
медурахшад хайру эҳсон,
Бингар, аз ҳар пораи он
Родмардӣ мезанад ҷавлон,
Медурахшад амри Яздон!
Тоҷикистон! Тоҷикистон!
Вожае, ки дар ҳавояш накҳати овешан аст,
Бӯи балдирғону вағнич,
бӯи кокӯтӣ, ҷамолак,
Бӯи гулҳо, бӯи дилҳо, бӯи меҳри Меҳан аст!
Вожае, ки дар фурӯғаш ҳастии мо равшан аст!
Тоҷикистон! Тоҷикистон!
Эй ҷилои нийяти неки ниёкон!
Эй фурӯғи дилнавози рӯҳи покон!
Шаб ҳама хобанд, аммо
Чашмаҳоят ҳамчу чашмони ту бедоранд!
То сафои ҷисму ҷонат кам нагардад!
Рӯдҳоят чун ҷавонмардони ту
андар сари коранд,
То ки ҳатто як ниҳоли сарфарозат хам нагардад!
Тоҷикистон! Тоҷикистон!
Хоки хикматхези ту
марҳам ба садҳо захми ҷон аст,
Обҳои аз сафо полудаи ту
нӯшдоруи равон аст,
Тифлаконат покрӯву модаронат покҷон,
Кишвари эъҷозҳо,
пират ҷавон аст!
Инак, акнун дар замини файзборат
Аз ҳама дунё дарахт овардаву сабзондаанд,
Чунки хоки ишқ, хоки адл, хоки хайру эҳсонӣ!
Меҳани озодагонӣ!
Чунки хоки ту башар мепарварад,
Аз ҳама нахлу гули олам
самар мепарварад!
Тоҷикистон! Тоҷикистон!
Пас чӣ гуна ифтихори ман набошӣ!?
Пас чӣ гуна пайкари нангу сари боло,
мадори ман набошӣ!?
Дори ори ман набошӣ!?
Тоҷикистон! Тоҷикистон!
Ин чӣ сеҳрангезу руҳафзо каломест!
Балки ин вожа шиори некномист!
Чун дирафши сулҳу ваҳдат,
Парчами меҳру адолат
Чун саломест!
Сарзамини суннату ойини некон!
Медурахшад дар тамомулҳои покаш дини некон!
Сарзамини Меҳргону мулки Наврӯзу Сада,
Баъди садҳо аср маҳфуз аст, маҳфуз аст
Дар ниҳоди рӯшанат оташкада —
Рамзи пирӯзии нури рафтагонат!
Зиндаву поянда бодо
Оташи равшангароӣ дар равонат!
Меҳргонат меҳри дилҳоро фузунтар менамояд,
Бар тамоми оламиёнон
Хони ишқу дӯстиро
мекушояд!
Мон, ки Наврӯзат ҷаҳонӣ гардаду
дунё шавад сарсабз,
Мон ки бо ойини неки он шавӣ
бо некмардони ҷаҳон ҳамнабз!
Тоҷикистон! Тоҷикистон!
Мо зулоли обҳои босафоятро
Дар нигаҳ, дар дил,
ба рагҳои равони худ
нигаҳ хоҳем дошт.
Файзу эҳсони замину обу нонатро
Дар тани худ чун фараҳ хоҳем дошт.
Мо ба дасти чап, ба дасти рост
Бар замини файзборат аз муҳаббат
тухми гул ё тухми дил хоҳем кошт…
Панду андарзи бузургони туро
Ҳамчу сутхон дар вуҷуди худ панаҳ хоҳем дошт!
То ту монӣ ҳамрадифи ишқ!
Ҳамрадифи меҳр!
Ҳамрадифи адл!
Ҳамрадифи ҷон!
Тоҷикистон!
Тоҷикистон!
Тоҷикистон!
30.10.2019.
ОСМОНИ ВАТАН
Фурӯғи меҳр дидаам дар остонат, эй Ватан!
Гули ситора чидаам аз осмонат, эй Ватан!
Муҳаббати ту боғ шуд, саодатат чароғ шуд,
Ки рӯҳи тозае барам ба ҷовидонат, эй Ватан!
Ватан, Ватан, намои ман намои дилрабои туст,
Ватан, Ватан, садои ман садои рӯдҳои туст,
Ман акси нусрати туям, ту акси рӯшани манӣ,
Саодатат бақои ман, саодатам бақои туст!
Сафои тоза мебарӣ ба боғҳо, ба роғҳо,
Дурахши тоза додаӣ ба партави чароғҳо.
Муҳаббати ту дар дилам, шаҳомати ту дар барам,
Ба ифтихор меравам фарози кӯчабоғҳо
Ту чун нигаҳ шукуфтаӣ, ту чун фараҳ шукуфтаӣ,
Ту сабза-сабза, гул ба гул раҳи ба раҳ шукуфтаӣ.
Ситоиши ту кардаам тамоми умр, эй Ватан,
Вале ҳанӯз дар дилам муҳаббати нагуфтаӣ.
Диёри халқи покҷон, қаламрави фариштагон,
Ба сӯи ту равонаам зи кӯчабоғи гулфишон,
Зи чашми тифлакон дамад сабоҳи файзбори ту,
Чу акси бахти халқи ман ба дидаҳои мо бимон,
Фурӯғи тоза медамад зи тоҷу тахтат, эй Ватан.
Сафои меҳр мевазад зи ҳар дарахтат, эй Ватан.
Суруди амният бувад суруди мурғакони ту,
Намои тифлакон бувад намои бахтат, эй Ватан.
ВАТАНИ МАН
Ватани ман – ватани шеъру суруд,
Ватани ман — ватани субҳи сафост,
Ватани оинаҳои сурӣ,
Ки дар он акси муҳаббат ба намост.
Ватани нексириштони ҷаҳон
Ватани меҳру вафову нур аст.
Ҳама ишқ асту муҳаббат, ҳама меҳр,
Он чи дар чашми шумо манзур аст.
Ватани ман, ватани модару тифл,
Ватани суннати аҷдодон аст.
Хонаҳояш ҳама пур аз тифлон,
Рӯи хонаш ҳама пур аз нон аст.
Хоки зархези абармардон аст,
Ватани нобиғагони дунёст.
Обҳояш ҳама поканду зулол,
Роғҳояш ҳама ҷо ғуссазудост.
Ватани ман ватани озодист,
Кӯҳи ӯ сурати тамкини ман аст.
Мазҳабам покиву ойинам ишқ,
Хайру некии ҷаҳон дини ман аст.
Мардумонаш ҳама бо нийяти нек,
Меҳани ҳикмату андарзу панд.
Вожаҳо дар лаби мо ширу шакар,
Ҳарф дар ҳарф ба команд чу қанд.
Ватани нури ниёкон, Ватанам!
Ватани ҳиммату эҳсон, Ватанам!
Ватани хандаи тифлон, Ватанам!
Ватанам, ҷон, Ватанам, ҷон, Ватанам!
ЭЙ МЕҲАНИ БИҲИШТӢ
Аз тор-тори ҳар нахл суру наво бихезад,
Аз осмони покат нуру сафо бирезад.
Эй Меҳани биҳиштӣ, эй бахти сарнавиштӣ,
Файзу саодататро дар хоки мо бикиштӣ.
Оби зулоли покат ҷони маро кунад пок,
Атри сафо фишонӣ аз хок то ба афлок.
Дар ҷони ман ту ҷонӣ, пайғоми рафтагонӣ,
Эҳёи нав муборак, эй мулки бостонӣ!
Ҳар нахли мевадорат дасти саломи мо бод,
Рӯди зулоли покат умри давоми мо бод.
Ҳар суннати наҷибат як рози осмонист,
Ойини неки халқат оинаи ҷаҳонист.
Ҳусни туро фузун кард наврӯзи меҳрафшон,
Аз сад сада расидӣ бо оташи ниёкон
Симурғи бахти некат имрӯз парфишон аст,
Ошиқ ба ҳусни некат сар то сари ҷаҳон аст.
Эй Меҳани биҳиштӣ, эй бахти сарнавиштӣ,
Файзу саодататро дар ҷони мо бикиштӣ.