«ЗЕБОӢ, ДОНОӢ ВА ТАВОНОӢ АЗ ВАРЗИШ АСТ». Таҳти ин унвон Фестивали дӯстии ҷавонону варзишгарони Душанбе баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 22.09.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе дуюмин Фестивали дӯстии ҷавонону варзишгарони шаҳри Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» баргузор гардид, иттилоъ доданд аз шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар».
Фестивали мазкур бо дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ доир гардида, дар он муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Назаров, Раиси Федератсияи Иттифоқи касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода, роҳбарони муассисаҳои варзишӣ, устодону донишҷӯён ва варзишгарони маъруфи мамлакат аз ҳисоби донишгоҳу донишкадаҳо, коллеҷу омӯзишгоҳҳо, муассисаҳои варзишии шаҳриву ҷумҳуриявӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди пойтахт иштирок намуданд.
Зикр гардид, ки ҳадаф аз ташкил ва баргузор намудани Фестивали дӯстии ҷавонону варзишгарони шаҳри Душанбе самаранок истифода намудани иншооти соҳаи варзиш, махсусан майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдакона, пешбурди корҳои фаҳмондадиҳӣ бо сокинон ва наврасону ҷавонон ҷиҳати тозаю озода ва дар ҳолати коршоямӣ нигоҳ доштани майдончаҳои мазкур, ташкили мусобиқаҳои дӯстонаи варзишӣ миёни ҷавонони маҳал, хонандагону донишҷӯён ва афсарону сарбозон мебошад. Он инчунин ҷиҳати таҳкими ҳаёти солим, ҷалби ҷавонон ба варзиш, пешгирии бемориҳои сироятӣ, хосатан пешгирии ҷавонону наврасон аз амалҳои номатлуби иҷтимоӣ ва тарбия намудани онҳо дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ, ҳушёриву зиракӣ, фарогирии масъалаҳои ҳаётӣ ва тарбияи инсонию ҷисмонӣ мебошад.
Меҳмонон ҳамчунин бо намоиши дастовардҳои ҷавонону варзишгарон, мактабҳои варзишии шаҳри Душанбе ва донишгоҳу донишкадаҳои ҳудуди шаҳри Душанбе шинос гардиданд.
АКС аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе









Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Озмуни ноҳиявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид
«МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ». Дар Душанбе Рӯзи модарро ботантана таҷлил намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Маросими қадршиносии беҳтаринҳо дар соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баргузор гардид
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши идонаи фарҳангӣ – фароғатӣ доир шуд
УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Боку тақвият меёбад
«ЗАН-МОДАР — ПАЙВАНДГАРИ НАСЛҲО». Дар Душанбе ҳамоиши маърифатӣ — фарҳангӣ доир гардид
«БАРОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Дар Душанбе Фестивали дӯстии афсарону сарбозон доир гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад
Дар Душанбе ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукуҳ баргузор гардид
Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд






