Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои Гурӯҳи «Тоҷикобод»-и шуъбаи ноҳияи Вахши Раёсати КДАМ Тоҷикистонро дар вилояти Хатлон ифтитоҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 27.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 27 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Вахш бинои Гурӯҳи «Тоҷикобод»-и шуъбаи ноҳияи Вахши Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлонро ифтитоҳ карданд.
Зимни суҳбат бо кормандон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба хизмати содиқонаву софдилона бар нафъи давлату миллат ҳидоят карданд.
Бинои Гурӯҳи «Тоҷикобод»-и шуъбаи ноҳияи Вахши Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон аз се ошёна ва 5 ҳуҷраи корӣ иборат буда, дар он барои кору зиндагии кормандон шароити муосир муҳайё карда шудааст.
Дар ошёнаҳои дуюм ва сеюми бино ду хонаи сеҳуҷрагӣ ва 2 хонаи дуҳуҷрагӣ сохта шудааст.
Дар саҳни ҳавлӣ пас аз ифтитоҳи иншоот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба се оилаи хизматчиён калиди хонаҳои истиқоматӣ тақдим намуданд.
Мавриди зикр аст, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ аз ҷониби роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат, бахусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои кору зиндагии шоистаи хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот шароити муосир муҳайё карда шудааст ва ин иқдомҳои шоиста минбаъд низ амалӣ мегарданд.









Дар ноҳияи Ховалинг иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуд
Дар Ховалинг соҳибкорон аз хонаводаҳои Каримовҳо ва Одинаевҳо барои ятимону маъюбон осоишгоҳ сохтанд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ доир шуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ доир шуд
Ба кормандони Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансур 10 адад нақлиёти муосир тақдим гардид
Рӯзи фарҳанги шаҳри Исфара дар Душанбе доир шуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги шаҳри Панҷакент баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг аз боғи интенсивӣ дидан намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг Деҳкадаи сайёҳиро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг як қатор иншооти муҳими иҷтимоӣ ва хизматрасониро ба таври фосилавӣ ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг Осоишгоҳ барои ятимону маъюбонро мавриди истифода қарор доданд






