Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи оташнишонӣ-техникӣ»-и Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Данғараро ба истифода супориданд

Октябрь 21, 2021 14:30

ДУШАНБЕ, 21.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 21 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи иншооти таъйиноти гуногун дар ноҳияи Темурмалик ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Корези ноҳияи Данғара нахуст Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи оташнишонӣ-техникӣ”-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба истифода супориданд.

Иншооти калони таълимӣ дар доираи тантанаҳои ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар масоҳати умумии 2,8 гектар бо тарҳи хеле зебо ва ҷавобгӯ ба талаботи замон бунёд гардидааст.

Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи оташнишонӣ-техникӣ”-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара барои қабули 760 нафар донишҷӯ пешбинӣ шудааст.

Зимни шиносоӣ ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки бинои “Коллеҷи таълимии оташнишонӣ – техникӣ” дар ноҳияи Данғара аз 6 ошёна, 39 синфхонаи барҳавои техникӣ ва электронии муҷаҳҳаз бо таҷҳизоту лавозимоти муосири дарсӣ, китобхонаи электронӣ бо теъдоди зиёди адабиёти илмӣ-бадеӣ ва китобҳои тозанашри соҳавӣ, истгоҳи нақлиёти қисми оташнишонӣ, 25 ҳуҷраи корӣ, хобгоҳ барои омӯзгорону курсантон, толори варзишӣ, маҷлисгоҳи васеъ барои баргузор намудани ҳамоишу чорабиниҳои сатҳи ноҳиявӣ ва ҷумҳуриявӣ, ошхона, нуқтаи тиббӣ, таваққуфгоҳ, мавзеи кушод барои гузаронидани машқгоҳи тактикӣ, бозиҳои футболи хурд, баскетбол, волейбол ва машқи гимнастикӣ иборат мебошад.

“Коллеҷи оташнишонӣ – техникӣ” дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон аввалин таълимгоҳи махсуси давлатӣ дар самти омода намудани мутахассисони соҳаи бехатарӣ аз сӯхтор ва тайёр кардани кадрҳои соҳаи энергетика дар иншооти хоҷагии халқ ва неругоҳҳои барқи обии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

То ин вақт мутахассисон дар ин соҳа бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ  дар хориҷи мамлакат ба таҳсил фаро гирифта мешуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити муассисаи навбунёд ва суҳбати самимӣ бо омӯзгорону курсантон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ба масъулон ҷиҳати истифодаи шароиту имконияти мусоиди таълимӣ ва тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси соҳа дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Дар ошёнаи 4-ум ва 5-уми бинои таълимӣ ҳамзамон хобгоҳ барои омӯзгорону курсантон бо 260 ҷой муҳайё карда шудааст.

Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи оташнишонӣ-техникӣ”-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар муассисаҳои олии таълимӣ на танҳо барои сокинони ноҳияи Данғара, балки баҳри қонеъ кардани талаботи аҳолии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон хизмат мерасонад.

Дар шафати Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи оташнишонӣ-техникӣ” бинои Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Данғара сохта шудааст, ки дорои шароити арзандаи кору хизматрасонӣ мебошад.

Бинои мазкур аз 5 ошёна иборат буда, 15 ҳуҷраи корӣ дорад.

Дар ошёнаи якуми бино қисми навбатдорӣ, ошхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мавҷуданд.

Инчунин дар бинои хуштарҳу замонавӣ хобгоҳ барои 100 нафар ҳайати шахсии қисми оташнишонии ноҳия сохта шудааст.

Минбаъд кормандони Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Данғара бо истифода аз шароити баланди фароҳамгардида фаъолияти худро ба роҳ монда, барои пешгирӣ аз ҳодисаҳои сӯхтор дар бинову иншооти таъйиноти гуногун фаъолияти назаррас хоҳанд кард.
Ифтитоҳи Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи оташнишонӣ - техникии Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Данғара 21.10.2021

Октябрь 21, 2021 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар вилояти Хатлон 1303 синфхона бунёд мешавад
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пистояи Италия бо таҷрибаи пешқадами ниҳолпарварӣ ва сабзгардонии муҳити зист шинос гардиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Мудири иҷроияи Ширкати «ВиБилд» Пиетро Салиниро ба ҳузур пазируфтанд
Дар деҳаи Муъминободи шаҳри Ҳисор сохтмони бинои иловагии мактаб оғоз ёфт
Байни Тоҷикистон ва Италия санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Италия Ҷорҷа Мелонӣ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Италия Серҷо Маттарелла мулоқот намуданд
Илму маориф дар пешрафти иқтисодию иҷтимоии давлати ҳуқуқбунёд ҷойгоҳи хосса дорад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Рим шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Италия ва Ватикан сафар намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва рушди Британияи Кабир Дэвид Кэмеронро ба ҳузур пазируфтанд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИДАВЛАТӢ. Дар вилояти Хатлон 2762 биною иншоот мавриди истифода қарор гирифтааст