14 нафар варзишгарони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо дар Узбекистон ширкат мекунанд

Ноябрь 12, 2021 10:14

ДУШАНБЕ, 12.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо баргузор мешавад.  Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ин мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ 14 нафар – 7 нафар дар самбои варзишӣ миёни мардҳо, як нафар миёни бонувон ва 6 нафар дар самбои размӣ ширкат мекунанд.

Чемпионати мазкур аз рӯи самбои варзишӣ миёни мардону занон ва самбои размӣ миёни мардон сурат мегирад. Аввалин маротиба ғолибон дар 7 категорияи вазнӣ дар ҳар се равия муайян мегарданд.
Мардҳо: -58кг, -64кг, -71кг, -79кг, -88кг, -98кг, +98кг; бонувон: -50кг, -54кг, -59кг, -65кг, -72кг, -80кг, +80кг; самбои размӣ: -58кг, -64кг, -71кг, -79кг, -88кг, -98кг, +98кг.

Фонди ҷоизавии Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо 231 000 долларро ташкил медиҳад. Чемпионҳо 4000 доллари ИМА, барандагони медали нуқра 3000 доллар ва барандагони медали биринҷӣ 2000 доллари ИМА ҷоиза мегиранд.

Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо иштироки варзишгарон аз 50 давлат, аз ҷумла  Алҷазоир, Арманистон, Баҳрайн, Беларус, Бразилия, Булғористон, Буркина-Фасо, Венесуела, Гвинея, Гурҷистон, Индонезия, Ирландия, Исроил, Испания, Италия, Камерун, Кипр, Колумбия, Корея, Коста-Рика, Қазоқистон, Қирғизистон, Литва, Македонияи Шимолӣ, Малӣ, Марокаш, Мексика, Миср, Молдова, Муғулистон, Нигер, Нидерланд, Озарбойҷон, Олмон, Руминия, Сербия, Тоҷикистон, Тринидад ва Тобаго, Туркманистон, Узбекистон, Украина, Урдун, Фаронса, Филиппин, Хорватия, Ҷумҳурии Доминикан, ИМА, Швейтсария, Эрон, Юнон ва дастаи мунтахаби Русия дар назар аст.

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбои имсола чунин аст:

Самбои варзишӣ
Мардҳо:
-58кг – Акмалиддин Каримов
-64кг – Хушқадам Хусравов
-71кг – Муҳаммадисо Раҷабов
-79кг – Ҳамроз Раҷабов
-88кг – Зафар Олимшоев
-98кг – Фирдавс Насимов
+98кг – Хуршед Маҷидов
Бонувон:
-59кг – Шоҳида Қаландарова

Самбои размӣ
-58кг – Бобохон Мирзозода
-64кг – Сорбон Латифов
-71кг – Саидҷони Ҳайдар
-79кг – Табрезшо Парпишоев
-88кг – Фаридун Одилов
-98кг – Олимхоҷа Олимов

 

                                                                                                                    АКС аз КМО Тоҷикистон

Ноябрь 12, 2021 10:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ 873 миллион сомониро ташкил дод
Кишоварзони Кӯлоб аввалин маротиба зери плёнка чигит кишт намуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Таърих, фарҳанг, табиат ва меҳмоннавозии мардум вилояти Суғд сайёҳонро бештар ба худ ҷалб намудааст
Дар истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол» таътили тобистонаи хонандагон хотирмон мегузарад
Дар ноҳияи Деваштич ҳамоиши гирандагони Стипендияи президентӣ баргузор гардид
Дар Тоҷикистон дар беш аз 27 ҳазор гектар ҷуворимакка барои дон кишт гардидааст
Имрӯз ҳаво дар водиҳои Тоҷикистон то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Фестивали хӯрокҳои милллии Покистон баргузор мегардад
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе ба муносибати Истиқлолияти Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Заминҳои назди бинои муассисаву идораҳои шаҳри Норак самаранок истифода мешаванд