Баҳодур Шерализода: «Тоҷикистон омода аст бо СММ ва кишварҳои шарик дар самти мубориза бо тағйирёбии иқлим ҳамкории зич дошта бошад»

Ноябрь 11, 2021 16:32

ДУШАНБЕ, 11.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. 10 ноябр дар доираи иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар COP26 – Конфронси  26-уми ҷонибҳои Конвенсияи чорчӯбаи СММ оид ба тағйирёбии иқлим дар шаҳри Глазгои Британияи Кабир Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода аз номи ҳайати Тоҷикистон баромад намуд. Мавсуф зимни баромад таваҷҷуҳи вазирону роҳбарони ҳайатҳои дар Саммит иштироккунандаро ба ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани соли 2025 — Соли ҳифзи пиряхҳо ва муайян кардани санаи ҷашнгирии ҳамасолаи ин рӯз, инчунин таъсиси Хазинаи муҳофизати пиряхҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Баҳодур Шерализода изҳор дошт, ки  ҳудуди 60 дарсади ҳаҷми умумии захираҳои оби минтақа дар Тоҷикистон ташаккул меёбад, ки он дар раванди рушди устувори кишварҳои Осиёи Марказӣ нақши бузург мегузорад.

Раиси Кумита изҳор намуд, ки сарфи назар аз ҳадди ақалли партовҳои газҳои гулхонаӣ ба атмосфера, Тоҷикистон осебпазиртарин кишвар аз таъсири тағйирёбии иқлим ба шумор  меравад.

Зикр шуд, ки Тоҷикистон тибқи уҳдадориҳояш дар доираи Созишномаи Париж ба котиботи Конвенсия саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншудаи худро пешниҳод намуд, ки он бори дигар таваҷҷуҳи ҷиддии Ҳукумати кишварро ба масъалаи ҳифзи муҳити зист ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим нишон медиҳад.

Зимнан зикр гардид, ки Тоҷикистон омода аст минбаъд низ бо Созмони Милали Муттаҳид, кишварҳои шарик, донорҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ҷиҳати андешидани тадбирҳои зарурӣ дар самти мубориза бо тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои зиёновари он барои кишвар ҳамкории зич дошта бошад.

 Аксҳо аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ

Ноябрь 11, 2021 16:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Абу Забӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо вазирони корҳои хориҷии Салтанати Умон, Габон, Кипр ва Сингапур мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк омодагӣ ба Конфронси оби СММ – 2028 дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардид
Идомаи сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода  дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Дабири кулли Созмони ҳамкории рақамӣ вохӯрӣ намуд
Таҳти ҳамоҳангсозии Тоҷикистон ҷаласаи сафирони Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ доир гардид
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар якчанд чорабинии сатҳи баланд дар Ню-Йорк иштирок намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо раиси иҷлосияи 81-уми Маҷмаи умумии СММ мулоқот намуд
Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев бо Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Сандуқи кувайтӣ барои рушди иқтисодии арабӣ баррасӣ шуд
Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Эрон дар Ню-Йорк мулоқот намуданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ мулоқот намуд