Дабири Шӯрои амнияти миллии Эрон пешниҳоди Президенти Тоҷикистонро ягона роҳи наҷоти Афғонистон хонд

Ноябрь 11, 2021 12:58

ДУШАНБЕ, 11.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Алӣ Шамхонӣ, Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон дар нишасти амниятии Ҳинд таъкид кард, ки ягона роҳи наҷоти Афғонистон ташкили ҳукумати фарогир бо ширкати ҳама қавму миллатҳои ин кишвар аст, хабар дод дирӯз радиои «Овози тоҷик» бо истинод ба гузориши хабаргузории «Шафақна»-и Афғонистон.  

Хотиррасон мешаваем, ки ин нишаст 10 ноябр дар Деҳлии Нав бо ширкати ҳафт кишвари минтақа баргузор шуд.

Дабири Шӯрои амнияти миллии Эрон бо ишора ба авзоъ дар Афғонистон гуфт:  «Дар муддати 20 соли охир терроризм,  фақру бадбахтӣ, кишту қочоқи  маводи мухаддир  ва муҳоҷирати мардум дар ин кишвар афзоиш ёфтааст».

«Ҳамаи мо медонем, ки Афғонистон як кишвари этникӣ ва дорои мазҳабҳои гуногун аст ва танҳо дар партави иштироки ҳама қавмҳо, динҳо, гурӯҳҳо ва ҷараёнҳои сиёсӣ метавон умед дошт, ки ин кишвар аз бӯҳрон берун ояд, аммо  нодида гирифтани яке аз инҳо, маънои ворид шудани Афғонистон ба ояндаи норушан ва бесубот мебошад», — гуфт ӯ.

Шамхонӣ дар идома таъкид кард: «Ягона роҳи наҷоти Афғонистон ташкили ҳукумати фарогир бо ширкати ҳама қавмҳо ва мазҳабҳост».

Ӯ ба ширкаткунандагони нишасти амниятии Ҳинд гуфт: «Мо ҳоло дар Афғонистон бо таҳдиде рӯбарӯ ҳастем, ки метавонад як ҷузъи нақшаи истилогарон барои минтақа бошад ва ҳадафҳои онҳоро пеш барад».

Ба гуфтаи Шамхонӣ, ин таҳдид аз «ҳузур, афзоиш ва тавсеъаи гурӯҳҳои террористии ДИИШ* ва такфирӣ аз як сӯ ва хатари ҷанги мазҳабӣ дар Афғонистон аз сӯи дигар» маншаъ мегирад. «Ин барои ҳамаи мо дар минтақа, чӣ ҳамсояҳо ва чи ғайриҳамсояҳо, мушкил хоҳад буд», — афзуд ӯ.

Мавриди зикр аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикстон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рўзҳои нахусти мавзеъгирӣ дар қазияи Афғонистон ягона роҳи бурунрафт аз вазъияти буҳронии имрўзаи Афғонистонро ба ташкили ҳукумати фарогир рабт дода буданд.

                                                      АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 11, 2021 12:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон