Дар Тоҷикистон Фестивали филмҳои беовоз доир мегардад

Ноябрь 17, 2021 15:02

ДУШАНБЕ, 17.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз 24 то 26 ноябр дар шаҳри Душанбе бо дастгирии Донишкадаи Гётеи Узбекистон дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар робита ба пойтахти фарҳангии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил эълон гардидани шаҳри Душанбе дар соли 2021 Фестивали филмҳои беовоз баргузор мегардад, иттилоъ доданд аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ба АМИТ «Ховар».

Дар фестивали мазкур дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров ва кинотеатри «Ватан» барои доираи васеи алоқамандони кино 10 филми беовоз ба намоиш гузошта мешаванд.

Аз миёни ин филмҳо 3 филми ҳунарӣ- «Талош» (муаллиф ва коргардон Соҳибёр Толиб), «Муҳоҷир» (коргардон К.Ёрматов), «Вақте ки амирон мемиранд» (коргардон Л.Печорина), 3 филми мустанади «Омадани аввалин қатора ба Душанбе» (наворбардорон В. Кузин, А. Шевич, Н. Гезулин), «Зилзила дар Янгибозор» (коргардон Л.Райгородский), «Адрасмон XIV»-и коргардон Бақо Содиқов аз  Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм», 2 филми ҳунарии истеҳсоли «Узбекфилм»- «Манораи марг»-и коргардон Вячеслав Висковский ва «Махав»-и коргардон Олег Фрелих, 1 филми тасвирии олмонӣ «Саргузашти шоҳзода Аҳмад»-и коргардонҳо Лотти Рейнигер ва Карл Кох ва 1 филми тасвирии «Ҳувайдо»-и коргардон Лолисанам Улуғова мебошанд.

Ёдовар мешвем, ки аввалин киносозон бародарони франсуз Люмерҳо Луи ва Огюст мебошанд. Дастгоҳи наворбардории онҳо Люмер ном дошт, ки бо кумаки ин дастгоҳ ба осонӣ ба навор гирифтани филми беовоз мумкин буд. Аввалин маротиба филми офаридаи онҳо моҳи марти соли 1895 дар Париж ба намоиш гузошта шуд. То соли 1927 қариб тамоми киноҳо беовоз буданд. Соли 1920 аввалин системаи сабти овоз ихтироъ гардид. Ин боис гардид, ки соли 1927 аввалин кинои овоздор аз ҷониби ширкати амрикоии «Уорнер Брозерс» рӯйи экран барояд.

Дар Тоҷикистон филми «Ҳуқуқи бошараф» соли 1932 аввалин филми таҳиякардаи Ёрматов дар «Тоҷиккино» мебошад. Филми «Муҳоҷир», ки соли 1934 аз ҷониби коргардон  Комил Ёрматов ба навор гирифта шуда буд, барҷастатарин филми бадеии беовози тоҷик маҳсуб мешавад. Дар филми «Муҳоҷир» нақши асосиро, ки Комил ном дорад, худи Комил Ёрматов ва завҷаи қаҳрамон — нақши асосии занонаро аввалин ҳунарпешаи кинои тоҷик София Тӯйбоева бозӣ кардаанд.

 АКС: Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»

Ноябрь 17, 2021 15:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад