ДУШАНБЕРО БА ШАҲРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ! Дар пойтахт 263 644 бех ниҳолҳои ороишию сояафкан шинонида мешаванд
ДУШАНБЕ, 18.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки тибқи нақша дар мавсими тирамоҳи соли 2021 ва баҳори соли 2022 дар ҳудуди ноҳияҳои пойтахт 263 644 бех ниҳолҳои ороишӣ, сояафкан, мевадиҳанда ва буттагӣ шинонида мешаванд. Ин тасмим дар доираи татбиқи иқдоми Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бобати ба шаҳри сабз табдил додани пойтахти мамлакат гирифта шуд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар доираи иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ «Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба ниҳолшинонию сабзкорӣ дар мавсими тирамоҳи соли 2021 ва баҳори соли 2022 дар шаҳри Душанбе» бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар талу теппаҳои маҳаллаи Лучоби ноҳияи Синои шаҳри Душанбе зиёда аз 200 бех ниҳолҳои ороишӣ шинонида шуданд. Дар ин минтақа давра ба давра беш аз 800 бех ниҳоли дарахтони ороишӣ шинонида мешавад.
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро дар бораи ба шаҳри сабз табдил додани шаҳри Душанбе хуш пазируфта, дар мавсими гузашта дар минтақаҳои гуногуни ноҳияҳои пойтахт зиёда аз 5 ҳазор бех ниҳолҳои ороишӣ шинонид, ки айни замон дар ҳолати хуби сабзиш қарор доранд.
АКСҲО: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ








СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд






