Намояндагони Тоҷикистон дар намоишгоҳи «Growtech 2021» дар Туркия иштирок доранд

Ноябрь 26, 2021 09:11

ДУШАНБЕ, 26.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Анталияи Туркия Намоишгоҳи 20-уми байналмилалии гармхонаҳо, таҷҳизоти кишоварзӣ ва чорводорӣ —  «Growtech 2021» ифтитоҳ гардид, ки дар он намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштирок намуданд. Дар ин бора аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ёдовар мешавем, ки 24 ноябр дар шаҳри Анталияи Туркия Намоишгоҳи 20-уми байналмилалии гармхонаҳо, таҷҳизоти  кишоварзӣ ва чорводорӣ «Growtech 2021»  расман ифтитоҳ гардид, ки  он то  27 ноябр идома меёбад.

Бо даъвати Ассотсиатсияи содиркунандагони Баҳри Миёназамин (BAİB)  дар намоишгоҳи мазкур бо дастгирии Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Палата бо роҳбарии раиси кулли Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд Муҳаммадҷон Муҳаммадҷонов иштирок доранд.

Дар намоишгоҳ зиёда аз 600 ширкат аз  40 мамлакат ва даҳҳо ҳазор нафар меҳмонон аз 130 кишвар иштирок менамоянд. Масоҳати намоишгоҳ зиёда аз 50 ҳазор метри мураббаъ буда, дар ҷараёни он  дар мавзӯъҳои муҳими соҳаи боғдорӣ ва кишоварзӣ машварату вохӯриҳо гузаронда мешаванд.

Зикр карда шуд, ки аъзои Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ иштирок намуда, бо мақсади рушди муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо ширкатҳои хориҷӣ, пайдо намудани шарикони ҳамкор, ҷалби сармоя, бунёди корхонаҳои истеҳсолию саноатӣ бо истифода аз технологияи муосир, ба роҳ мондани содироти молу маҳсулот, омӯхтани комёбиҳои навтарини истеҳсолот ва  бастани созишномаҳои ҳамкорӣ бо  ширкатҳо аз Туркия, Озарбойҷон, Бразилия, Нидерландия, Украина ва Эрон вохӯриҳо доир менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки Намоишгоҳи байналмилалии гармхонаҳо, таҷҳизоти кишоварзӣ ва чорводорӣ «Growtech» ҳамасола доир гашта, доираи фаъолияти худро васеъ менамояд.

АКСҲО: ПССТ

Ноябрь 26, 2021 09:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд