Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони навтаъйин эътимоднома қабул намуданд

Ноябрь 3, 2021 12:15

ДУШАНБЕ, 03.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. 3 ноябри соли 2021 дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 10 сафири нави фавқулода ва мухтори кишварҳои хориҷӣ эътимоднома қабул карданд.

Зимни маросими эътимодномасупорӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафирони фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Беларус Виктор Денисенко, Ҷумҳурии Озарбойҷон Алимирзамин Гаввам оғлӣ Аскаров, Ҷумҳурии Туркия Эмре Зеки Карагёл, Подшоҳии Арабистони Саудӣ Валид ибни Абдураҳмон ал — Решайдан, Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Тимоти Айдан Маршалл Ҷонс, Конфедератсияи Швейтсария Дэвид Грихтинг, Ҷумҳурии Чехия Ватслав Йелик, Ҷумҳурии Лаҳистон Радослав Грук, Ҷумҳурии Эстония Тоомас Тирс ва Ҷумҳурии Халқии Бангладеш Заҳангир Алам эътимодномаҳоро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳои хеш тақдим карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ҳамаи сафиронро ба муносибати оғоз гардидани фаъолияти дипломатиашон дар ин маснади пуршарафу ҳамзамон сермасъул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфта, бо итминон иброз доштанд, ки сафирон бо талошу фаъолияти самарабахши худ ҷиҳати такони тоза бахшидан ба муносибатҳои шарикии кишварҳои мо дар арсаҳои гуногуни ҳамкорӣ саҳми арзанда хоҳанд гузошт.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ сиёсати мутавозину мусолиматомез ва санҷидаву фарогирро пеша карда, дар асоси усули “дарҳои кушода” тавонист мақому манзалати худро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо намояд.

Дар ин зимн Тоҷикистон бо доираи васеи кишварҳои минтақаҳои мухталифи ҷаҳон робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунарсаро ҳам дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар сиғаи бисёрҷониба роҳандозӣ намуда, рушди минбаъдаи онҳоро ба таври фаъол пеш мебарад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушду таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи судманди Тоҷикистон бо ҷумҳуриҳои Беларус, Озарбойҷон, Туркия, Подшоҳии Арабистони Саудӣ, Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ, Конфедератсияи Швейтсария, ҷумҳуриҳои Чехия, Лаҳистон, Эстония ва Ҷумҳурии Халқии Бангладеш андешаронӣ карда, изҳори умед намуданд, ки сафирони фавқулода ва мухтори навтаъйиншуда бо иҷрои рисолати сермасъул саъю талошҳои пайгиронаи худро баҳри татбиқи ҳадафҳои неки  рушду таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманди давлатҳои худ бо Тоҷикистон ва барои ба сатҳи сифатан нав баровардани онҳо равона месозанд.

Зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба авзои ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки бинобар таъсири рӯзафзуни як қатор омилҳои амниятӣ  ва иқтисодиву иҷтимоӣ ҳамоно печидаву пуртазод боқӣ мемонад, андешаронӣ карда, таъкид намуданд, ки мутаассифона, сарфи назар аз тадбирҳои дар сатҳҳои гуногун андешидашаванда шиддати хатару таҳдидҳои замони муосир паст нашуда истодааст.

Буҳрони амиқи сиёсиву низомӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ дар Афғонистон, ки мояи нигаронии ҷомеаи ҷаҳонист, боиси ташаннуҷи авзо дар минтақаи мо гардидааст.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон омодааст имконияти васеи логистикии худро барои расонидани кумаки байналмилалӣ ба ин ҳамсояи наздики худ пешниҳод намояд.

Зимни суханронии худ Пешвои миллат ба чораҳои аз ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати мубориза алайҳи терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ андешидашаванда ёдовар шуданд.

Дар маросими эътимодномасупорӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин оид ба оқибатҳои манфии ҳамагирии КОВИД-19, таъсири буҳрони шадиди молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ ба кишварҳо, мавзӯи доғи рӯз — тағйирёбии иқлим ва рафъи оқибатҳои он, истифодаи энергияи “сабз”, истифодаи самараноки захираҳои гидроэнергетикӣ, ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи пиряхҳо ва дигар масъалаҳои глобалӣ андешаронӣ карданд.

Дар фарҷом Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба ҳамаи сафирон ба муносибати оғози фаъолияташон барору комёбӣ орзу намуда, омодагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро баҳри мусоидат дар самти пешбурди фаъолияти дипломатиашон махсус таъкид карданд.

Қабули эътимодномаҳо аз сафирони навтаъин 03.11.2021

Ноябрь 3, 2021 12:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон машварати корӣ доир намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Муовини аввали Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Мухбир барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари олии Инқилоби Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Алӣ Хоманаӣ барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Иро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим–Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Директори идории Хазинаи байналмилалии асъор Кристалина Георгиеваро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодиро ба ҳузур пазируфтанд
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон доир ба пешгирӣ ва бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 79-солагии Ғалаба иштирок намуданд