Дар арафаи Соли нав Раиси вилояти Хатлон ҷавонони фаъолро қадрдонӣ намуд
ДУШАНБЕ, 30.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. 29 декабр дар Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар вохӯрии раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо ҷавонон баргузор гардид, ки дар он раиси вилоят ба 30 нафар ғолибони даври ҷумҳуриявии озмунҳои «Тоҷикистон — Ватани азизи ман», «Илм — фурӯғи маърифат», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ба андозаи аз 1000 то 3000 сомонӣ мукофоти ҳавасмандӣ, ба 17 нафар ғолиби мусобиқаи варзишӣ, 6 нафар беҳтаринҳои соҳаи варзиш, барандагони ҷойҳои аввали мусобиқаҳои варзишӣ миёни идораю ташкилоти вилоят, ки барои дарёфти Ҷоми раиси вилояти Хатлон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни ҳам рақобат карданд, диплому мукофотҳо тақдим намуд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон.
Қурбон Ҳакимзода зимни ифтитоҳи ҳамоиш аз Паёми имсолаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, иброз намуд, ки барои ноил шудан ба ормонҳои миллӣ, аз ҷумла саноатикунонии босуръати кишвар, ҷавонон бояд аз илмҳои муосир баҳравар гардида, бо омӯхтани на кам аз ду забони хориҷӣ мутахассисони хуб шаванд ва оянда идоракунии дастгоҳҳои саноатиро бар дӯш гирифта, рушди бемайлони онро таъмин намоянд.
Зикр шуд, ки соли гузашта дар асоси дастури Сарвари давлат шумораи стипендияҳои президентӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз 400 ба 3000, шумораи чунин стипендияҳо дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ аз 100 ба 500 ва барои аспирантони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ аз 15 ба 50 нафар расонида шуд. Аз шумораи умумии стипендияҳои президентӣ 70 фоиз ба фанҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ равона гардидааст.
Дар ин муддат бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи квотаҳои президентӣ барои ҷавонон аз 200 то ба 1252 нафар расонида шуд, ки ин ғамхориҳо бозгӯи онанд, ки роҳбарияти давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба ин неру ҳамеша таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунад.
Яке аз ғамхориҳои дигари Пешвои миллат барои насли имрӯзу фардои кишвар ин аст, ки зимни Паёми имсола супориш дода шуд, ки дар панҷ соли минбаъда бояд беш аз 1000 иншооти соҳаи маориф дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот ба истифода супорида шаванд.
Хамчунин гуфта шуд, ки дар доираи тадбирҳои ҷашнӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 547 иншооти соҳа, аз ҷумла 117 толори варзишӣ, 329 майдончаи варзишӣ, 65 майдончаи бозии кӯдакона ва 36 адад дигар намуди иншооти хизматрасонӣ мавриди истифода қарор дода шуданд, ки ба рушди соҳа ва ташаккули тарзи ҳаёти солим нақши созгор мегузоранд.
Дар фарҷом барномаи пурмуҳтавои фарҳангӣ бо иштироки ғолибони даври ҷумҳуриявии озмуни «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» пешниҳод гардид.
АКСҲО аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон











Дар «Чангоб» 220 нафар кӯдакони ятими кулл, нимятим ва аз оилаҳои камбизоат ба истироҳат фаро гирифта шудаанд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. «Тоҷиксуғурта» ба шаҳрвандон ва ташкилот беш аз 1,1 миллион сомонӣ ҷуброни суғуртавӣ пардохт намуд
Президенти Тоҷикистон: «Сифати таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳанӯз ба талабот пурра ҷавобгӯ нест»
Муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ пурра бо китобҳои дарсӣ таъмин мебошанд
Дар Душанбе беш аз 13 ҳазор нафар ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қабул гардиданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Волоияти қонун асоси устувории давлат ва шарти муҳими зиндагии осоиштаи мардум аст»
Дар марказҳои касбомӯзии Тоҷикистон беш аз 20 касби серталаб омӯзонида мешаванд
ОГОҲӢ! Аз 15 то 18 июл дар Тоҷикистон баландшавии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ мешавад
Дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ 25 ихтисоси нав дар соҳаи саноати металлургияи сиёҳ таъсис меёбад
Дар деҳаҳои Дарғ ва Каздони ноҳияи Айнӣ бар асари омадани сел хисороти зиёд ба қайд гирифта шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2026 шаш санади меъёрии ҳуқуқӣ мавриди омӯзишу таҳлил қарор гирифт






