Дар Душанбе даври сеюми шаҳрии Олимпиада оид ба шоҳмот баргузор карда шуд

Декабрь 29, 2021 14:06

ДУШАНБЕ, 29.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо»-и назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ҷиҳати омӯзиш ва дар амал татбиқ намудани паҳлуҳои муҳими Паёми Пешвои миллат, бахусус дар самти соҳаи маориф ва дастгирии хонандагони болаёқат дар олимпиада ва озмунҳои зеҳнӣ 29 декабр даври сеюми шаҳрии Олимпиада оид ба шоҳмот баргузор карда шуд, иттилоъ доданд аз Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе  ба АМИТ «Ховар».

Олимпиада оид ба шоҳмот бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе доир гардид.

Ҳадаф аз баргузории олимпиада- ташвиқи бозии шоҳмот миёни хонандагон, дарёфти истеъдодҳо ва ташаккули тафаккури онҳо, ангезиш додани зеҳни хонандагон дар заминаи истифодаи бозии шоҳмот ҳамчун воситаи ташаккулдиҳандаи тафаккури мантиқии онҳо, инкишофи хотира, хусусияти ояндабинӣ, рушди қобилияти мушоҳида тавассути бозии  шоҳмот, тарбияи таҳаммулпазирӣ ва ахлоқии хонандагон, муайян кардани дастаи беҳтарин ва шоҳмотбозҳои ҳирфавӣ, интихоб ва муайян намудани дастаҳои беҳтарин барои иштирок дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.

Дар натиҷа беҳтарин шоҳмотбозон – ғолибони даври сеюми (шаҳрии) Олимпиада оид ба шоҳмот муайян гардида, дар маросими ҷоизасупории ғолибони даври сеюми шаҳрии олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда мешаванд.

АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе

Декабрь 29, 2021 14:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе китоби «Президент сказал: Любите!…» рӯнамоӣ гардид
Муовини вазири корҳои хориҷии Умон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос гардид
Дар Теҳрон китоби «Бо корвони «Шоҳнома»: аз Тӯс то Душанбе» ба нашр расид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Кинотеатри «Ватан» навсозӣ ва бо технологияи муосири намоиши филмҳо муҷаҳҳаз гардонида шуд
Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор гардид
Таҳти унвони «Нақши китобхонаҳои шахсӣ дар рушди китобдории миллати тоҷик дар замони ҷаҳонишавӣ» ҳамоиш доир шуд
Пагоҳ дар Душанбе Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон баргузор мешавад
Соли 2027 дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Покистон баргузор мегарданд
«АЗ СУЛҲИ ТОҶИКОН ТО СУЛҲИ ҶАҲОН». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
«Барномаи рушди мактабҳои бачагонаи мусиқӣ, рассомӣ, санъат ва мактаб-интернатҳои миёнаи махсуси ҷумҳуриявии мусиқӣ ва санъат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031» қабул гардид
Аз ҳудуди ноҳияи Данғара ёдгории нодири меъмории мансуб ба асрҳои IX–XII ёфт гардид
Дар Душанбе бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид