Ду филми тоҷикӣ дар Кинофестивали 12-уми байналмилалии «Само» ҷоизаи таваҷҷуҳи ҳакамонро ба даст оварданд

Декабрь 3, 2021 10:01

ДУШАНБЕ, 03.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Филми ҳунарии «Бачаи обӣ»-и Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» бо коргардонии Файзулло Файзов ва «Нолаи танбӯр»-и Аниса Собирӣ дар Кинофестивали 12-уми байналмилалии «Само» соҳиби ҷоизаи таваҷҷуҳи ҳакамон гардиданд, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» коргардони тоҷик  Файзулло Файзов.

Кинофестивали 12-уми байналмилалии «Само» аз 26 то 28 ноябр дар пойтахти Шветсия- шаҳри Стокголм баргузор гардид. Кинофестивал аз ду бахш — филмҳои миллӣ ва байналмилалӣ иборат буд.

Филми ҳунарии «Бачаи обӣ» дар жанри драмаи иҷтимоӣ офарида шуда, аз рӯзгори наврасе, ки ба моҳигирӣ шавқ дошта, мехоҳад оянда ба ин касб шуғл варзад, ҳикоят мекунад.

Ҳамчунин дар филм масоили муҳити зист, кам шудани захираҳои об ва хушкшавии рӯдхона, кӯлу дарёҳо дар робита ба гармшавии глобалии иқлим инъикос гардидаанд.

Филми «Нолаи танбӯр»-и Аниса Собирӣ соли 2018 дар киностудияи «Тоҷикфилм» ба навор гирифта шудааст. Филми мазкур дар 26 фестивали байналмилалӣ, аз ҷумла моҳи октябри соли 2018 дар ҷашнвораи Пуссан дар Кореяи Ҷанубӣ ширкат варзида, инчунин  дар Арманистон, Эрон, Русия, Урдун ва ИМА соҳиби ҷоизаҳо гардидааст.

Филми мазкур аз 25 дақиқа иборат мебошад. Он дар бораи ҳаёт ва ба воя расидани як навраси 12-сола дар Тоҷикистон дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ривоят мекунад. Филм дар асоси рӯйдодҳои воқеӣ наворбардорӣ шудааст.

Бояд гуфт, ки соли 2019 филми кӯтоҳмуддати «Дуғоб»-и коргардон Зайнулобиддини Мусо  низ дар Кинофестивали байналмилалии «Само» намоиш дода шуд. Филми мазкур аз 35 дақиқа иброт буда, миёнаи солҳои 2018-2019 аз ҷониби Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»  истеҳсол гардидааст

Ёдовар мешавем, ки Кинофестивали байналмилалии «Само» соли 2009 аз ҷониби муҳоҷирони афғон дар Шветсия таъсис ёфта, ҳамасола дар шаҳри Стокголм баргузор мегардад.

Доир ба Кинофестивали 12-уми байналмилалии «Само» аз ин суроға https://www.samaiff.com/Festival2021/Sama-Winners2021 маълумоти  муфассал дастрас карда метавонед.

АКСҲО аз сомонаи samaiff.com

Декабрь 3, 2021 10:01

Хабарҳои дигари ин бахш

АДАБИЁТ ВА ВОҚЕИЯТИ ҲАЁТ
«Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ дар озмуни байналмилалӣ соҳиби Шоҳҷоиза гардид
Китоби нав таҳти унвони «Роғун» ба табъ расид
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги ноҳияҳои Айнӣ, Хуросон, Деваштич, Шаҳристон, Данғара ва Кӯҳистони Мастчоҳ баргузор мегарданд
Дар доираи сафари давлатии Президенти Тоҷикистон дар Улан-Батор Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардиданд
Дар ноҳияи Нуробод намоиши сайёри «Инъикоси обу пирях дар асарҳои рассомони Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Филми ҳунарии «Моҳӣ дар шаст» дар Ҷашнвораи байналмилалии филмҳои Созмони ҳамкории Шанхай соҳиби ҷоиза шуд
Имрӯз Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муғулистон баргузор мегарданд
Рӯзи фарҳанги шаҳри Левакант дар фазои идона баргузор гардид
Дар Рӯзи фарҳанги шаҳри Хуҷанд дастовардҳои шаҳр муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Темурмалик доир гардид
«МӮҚАЛАМЕ, КИ ТАЪРИХРО ТАҶАССУМ НАМУДААСТ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши асарҳои Ашур Ҳайдаров ифтитоҳ ёфт