ГУЛЧЕҲРА ҚОҲИРОВА СОЛИ ДУЮМ ПАЙ ДАР ПАЙ «СИТОРАИ ИТТИҲОД» ГАРДИД. Дирӯз ба вай мукофоти асосии ИДМ супорида шуд
ДУШАНБЕ, 22.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҷоизаи байнидавлатии “Ситораҳои Иттиҳод» ба лауреатон аз 9 кишвари ИДМ дар маросиме, ки рӯзи сешанбе дар Москва баргузор шуд, супорида шуд. Дар миёни ҷоизадорон — директори Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои физика ва математика, узви вобастаи АМИТ Гулчеҳра Қоҳирова низ ҳаст. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора маркази матбуоти Бунёди байнидавлатии ҳамкории башардӯстонаи ИДМ хабар додааст.
«Ситораҳои Иттиҳод» — ҷоизаи асосии ИДМ барои дастовардҳои баландтарин дар соҳаи гуманитарӣ мебошад. Имсол бо он ректори МГИМО, академики Академияи илмҳои Русия Анатолий Торкунов, ректори Донишгоҳи Русияву Арманистон Армен Дарбинян (Арманистон), як гурӯҳи физикҳо Александр Тузиков, Сергей Золотой ва Сергей Кореняко (Беларус), директори Институти астрофизика Гулчеҳра Қоҳирова (Тоҷикистон), президентҳои Академияҳои миллии илмҳо Мурат Ҷуматаев (Қирғизистон) ва Ион Тигиняну (Молдавия) мукофотонида шуданд. Инчунин нависандаи мардумии Қазоқистон Олжас Сулейменов, сарояндаи опера Элчин Азизов (Озарбойҷон) ва роҳбари оркестри эстрадӣ ва симфонӣ Мансур Ташматов (Узбекистон) низ сазовори ҷоиза гардиданд.
Ба лауреатон диплом, нишони фахрӣ ва шаҳодатнома дода мешавад. Маблағи пулии ҷоиза 2 миллион рубли русиро ташкил медиҳад.
Сафири Озарбойҷон дар Русия, раиси Раёсати Бунёди байнидавлатии ҳамкории башардӯстонаи кишварҳои узви ИДМ (IFES) Полад Булбул оглу иброз намуд, ки аз аҳли илму фарҳанг пуштибонӣ кардан лозим аст, зеро онҳо “пораи фазои маънавии моанд”. «Ин ҷоиза аз он сабаб хеле муҳим аст, ки он одамони барҷастаи фазои ИДМ-ро муттаҳид мекунад», — гуфт ӯ. – Дилхоҳ фарҳанг ҳангоми дар инзиво будан метавонад пажмурда шавад, фарҳанг бояд амал кунад, фарҳанг бояд муошират кунад, бояд бо фарҳангҳои дигар дар иртибот бошад, то рушд намояд. Ва аз ин рӯ, ба назарам, дар ин замина, бунёди мо кори бузургеро анҷом дода, мероси бузургеро, ки аз замони дар як кишвари бузург зиндагӣ карданамон боқӣ мондааст, ҳифз мекунад”.
Бояд гуфт, ки Гулчеҳра Қоҳирова соли дуюм аст, ки ин мукофотро соҳиб мешавад. Ҷоиза ба ӯ охири соли 2020 супурда шуд. Вай аввалин зани олим дар Тоҷикистон аст, ки ин ҷоизаро гирифтааст. Дар миёни барандагони ҷоизаи солҳои қаблӣ- академик Пулод Бобоҷонов, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Вафо Назаров, Шоири халқии Тоҷикистон Низом Қосим, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Ибодулло Машрабов ва шоир, насрнавис ва драматурги маъруф Темур Зулфиқоров низ ҳастанд.
Гулчеҳра Қоҳирова аз соли 1983, ки ҳанӯз донишҷӯ буд, дар Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Тоҷикистон кор мекард. Беш аз даҳ сол дар вазифаи директори Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон (аз соли 2014 – ҳамзамон ба сифати ходими пешбар ва аз 1 январи соли 2021 — сардори шуъбаи ҷисмҳои байнисайёравии ИА АМИТ) кор мекунад.
Самти асосии тадқиқоти илмии ӯ ҷисмҳои хурди системаи Офтоб, хусусияти физикӣ ва динамикии онҳо, пайдоиш ва муносибати байни онҳо мебошад. Вай барои омӯхтани спектрҳои метеорҳо усули ҳақиқие кор карда баромад, ки дар асоси он оид ба таркиби микдори моддаи метеорӣ натиҷаҳои нав ба даст оварда шуданд. Таҳти роҳбарии Г. Қоҳирова дар Тоҷикистон шабакаи болидӣ таъсис ёфт, ки дар Осиёи Марказӣ аввалин шабака ва то ҳол ягона аст.
АКС аз манбаъҳои озод








Имрӯз Фестивали байналмилалии «Рақс моро муттаҳид менамояд» ифтитоҳ ёфт
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО оид ба омодагӣ ба Конфронси байналмилалии оби Душанбе нишасти матбуотӣ доир шуд
Нақши Пешвои миллат дар рушд ва эҳёи арзишҳои фарҳанги миллӣ
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон «Гӯшаи китоби Покистон» ба истифода дода шуд
Намояндагони Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар Рим осорхонаи Леонардо да Винчиро тамошо намуданд
Имрӯз дар Беларус Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз меёбанд
Дар Рӯзҳои кинои тоҷик дар Беларус се филми ҳунарӣ намоиш дода мешавад
Вазири корҳои хориҷӣ ва ҷамъиятҳои Ҷумҳурии Сейшел дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус намоишгоҳи рассомони тоҷик ифтитоҳ ёфт
Филми мустанади «Шоҳи қуллаҳо» ҷоизаи байналмилалӣ гирифт
«НАМУНАИ АДАБИЁТИ ТОҶИК». Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Симпозиуми байналмилалии илмӣ доир шуд
Бахшида ба Ҳафтаи илми тоҷик дар Хонаи китоби Тоҷикистон конференсияи илмӣ доир шуд






