30 январ дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абдулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе Иди Сада таҷлил мегардад

Январь 20, 2022 15:46

 ДУШАНБЕ, 20.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. 30 январ дар Боғи фарҳангӣ— фароғатии ба номи Абдулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе Иди Сада ва намоиши ниҳолҳою тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад. Дар ҷашнгоҳ ҳамчунин афрӯхтани гулханҳо, ташкили гӯшаи тавсияи олимону мутахассисон оид ба омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ, намоиши ҳама гуна олоти кории кишоварзӣ, хони пурнозу неъмат, муаррифии ҳунарҳои мардумӣ ва қаламчаҳои хоҷагиҳои ниҳолпарвару тухмипарвар, намоиш ва фурӯши ниҳолҳои мевадиҳандаву сояафкан, гулу буттаҳои ҳамешасабзи ороишӣ, тухмиҳои зироати кишоварзӣ ва дигар маҳсулоте, ки ҷашни Садаро ифода  мекунанд, дар назар дошта шудааст.

Тавре  сардори шуъбаи матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоиқ Туйчизода ба АМИТ «Ховар»  иттилоъ дод,  дар ин рӯз аз ҷониби Вазорати кишоварзии мамлакат тақдими ҷоизаҳо ба фаъолони соҳа низ дар назар дошта шудааст.

 «Ин ҷашнро барои он Сада меноманд, ки аслан аз шумораи сад гирифта шуда, аз 10 моҳи Баҳман то омадани Наврӯз 50 шабу 50 рӯзро фаро мегирад. Ба қавли Абурайҳони Берунӣ, аҷдодони барӯманди мо шабу рӯзро алоҳида ҳисоб мекарданд, ки он дар якҷоягӣ то расидани Наврӯз 100 шабу рӯзро ташкил менамуд. Иди Сада дар поёни чилаи зимистон чун рамзи гузаштани сардиҳо одатан муждае аз наздик расидани баҳор меовард. Мардум, бахусус деҳқонон дар шаби Сада бори дигар бузургдошти Худои гармию фурӯғи миноӣ- Митра (Меҳр)-ро ёдоварӣ намуда, ба поси он гулханҳои бузург меафрӯхтанд ва шодиву хушҳолӣ менамуданд. Сада моҳиятан пирӯзии рӯшноиро бар торикӣ ифода намуда, бо тантанаи оташафрӯзӣ омадани фасли баҳору муждаи пешакии Наврӯзро мерасонад», -афзуд Лоиқ Туйчизода

Мавриди зикр аст, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон якчанд унсурҳои фарҳанги миллии халқи тоҷик ба Феҳристи умумиҷаҳонии репрезентативии ЮНЕСКО ворид гардиданд. Инчунин номинаи ҷашни «Сада» низ ба феҳристи мазкур пешниҳод гардида, барои шомил намудан ба ин  феҳрист мавриди корбарӣ қарор дорад.

Шоири классики мо Манучеҳрӣ ҷашни Садаро талояи Наврӯзи навбаҳор унвон мекунад. Вожаи талоя дар луғат ба маънии аввалин нишонае, ки аз ҳар чизе намоён ва ҷилвагар мешавад, тавзеҳ ёфтааст.  Аз ин ҷост, ки Манучеҳрӣ Садаро нишоне аз ҳузури Наврӯз унвон карда, ба мардум аз омадани ин ҷашни  хуҷаста паём мерасонад:

Инак, биомадаст ба панҷоҳ рӯз пеш,
Ҷашни Сада-талояи Наврӯзи навбаҳор

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ» чунин нигоштаанд: «Дар миёни қувваҳои сершумори бадӣ, дар дашту ҷангалҳои Осиёи Марказӣ, ки ҷони инсонро дар азоб ва ба таҳлука меандохтанд, бахусус хушкӣ ва торикӣ бисёр зиёновар буданд. Онҳо дарёфта буданд, ки бар зидди неруҳои номбаршудаи бадӣ, озар ё оташ ва раъду барқ муассир буданд. Бар зидди торикӣ Хуршед чун унсури тавоно муқаддас дониста мешуд. Нисбат ба ҳамин аст, ки Хуршед дар миёни нажоди қавмҳои зиёди олами бостон ситоиш ва парастиш шудааст».

Тавре донишманди эронӣ Ризо Муродии Ғиёсободӣ навиштааст: «Ҷашни Сада ҳамвора ҷашне ҳамагонӣ ва баргирифта аз шароити иқлимӣ ва рӯйдодҳои кайҳонӣ будааст».

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКСҲО аз бойгонӣ

Январь 20, 2022 15:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд дурнамои ҳамкории корхонаҳои муштаракро баррасӣ намуданд
Дар Хадамоти гумрук муқаррароти Кодекси андоз, рақамикунонии соҳа ва татбиқи хизматрасониҳои давлатӣ баррасӣ карда шуд
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар самти содирот баррасӣ гардид
Дар Хатлон масъалаи бунёди корхонаҳои саноатӣ бо сармоягузории Покистон баррасӣ гардид
«ОСМОНИ БОЗ». Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе 10 таваққуфгоҳ ва хати нави зимомӣ сохта мешавад
Тоҷикистон ва минтақаи Фландрияи Подшоҳии Белгия ҳамкориро дар самти саноати сабук густариш медиҳанд
Ҳайати минтақаи Фландрияи Белгия ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» даъват гардид
Дар корхонаҳои саноатии Тоҷикистон ба маблағи 1,8 миллиард сомонӣ масолеҳи сохтмонӣ истеҳсол карда шудааст
Ҳайати Бонки миллии Тоҷикистон бо фаъолияти филиали Бонки федералии Олмон – Бундесбонк шинос гардид
Дар таъмиру таҷдиди роҳи Душанбе-Чанок дар маҷмуъ тақрибан 347 ҳазор тонна асфалт истифода шудааст
Нақшаи амали татбиқи Ёддошти тафоҳум байни вазоратҳои молияи Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ ба мувофиқа расид
Рушди хатсайрҳои байналмилалии мултимодалӣ байни Тоҷикистон ва Туркманистон баррасӣ карда шуд