6 январ маросими қуръакашии Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 оид ба футзал доир мешавад

Январь 1, 2022 09:02

ДУШАНБЕ, 01.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. 6 январи соли 2022 дар пойтахти Малайзия – шаҳри Куала-Лумпур  маросими  қуръакашии Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 оид ба футзал, ки аз рӯи натиҷаҳои он рақибони дастаи мунтахаби  Тоҷикистон маълум хоҳанд шуд, баргузор мешавад, иттилоъ медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон. 

Дастаи мунтахаби   футзали Тоҷикистон  таҳти раҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов дар минтақаҳои муттаҳидшудаи Марказӣ ва Ҷанубии мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022, ки аз 1  то  15  апрели соли 2022 баргузор мешавад, бозӣ мекунад. Аз рӯи натиҷаҳои қуръакашии мусобиқаи интихобӣ дар минтақаҳои муттаҳидшудаи Марказӣ ва Ҷанубӣ ду гурӯҳи иборат аз чордастаӣ ташкил карда мешавад.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар сабади дуюм дар баробари дастаи мунтахаби Қирғизистон ҷой гирифтааст. Бар асоси натиҷаи  марҳилаи интихобӣ аз минтақаи Ҷанубӣ ва Марказӣ ба финали Ҷоми Осиё-2022, ки аз 25  сентябр то 20  октябри соли  2022 дар Кувайт баргузор мешавад, аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин роҳ меёбанд.

Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 оид ба футзал

Минтақаи Марказӣ ва Ҷанубӣ

Сабади 1: Эрон, Узбекистон.

Сабади 2: Қирғизистон, Тоҷикистон.

Сабади 3: Туркманистон, Афғонистон.

Сабади 4: Непал, Молдив.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Январь 1, 2022 09:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар деҳаи Себистони ноҳияи Данғара майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар раддабандии нави ФИФА мақоми 101-умро соҳиб гардид
Дар Бадахшон лигаи волейбол байни мардон оғоз гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар бозии дӯстона тими миллии Ҳиндустонро мағлуб кард
Варзишгар аз Тоҷикистон Абдулмаҷид Кудиев дар Узбекистон медали тиллоро сазовор шуд
ФУТБОЛ. Дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Чин бозиҳои дӯстона баргузор мекунад
Ғолибони Чемпионати Осиё оид ба бокс қадрдонӣ карда шуданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои бозиҳои дӯстона бо тими мунтахаби Ҳиндустон муайян гардид
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими мунтахаби Ҳиндустон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар Ёвон гулгашти фарҳангию фароғатӣ бо муҷассамаи «Рамзи футбол» ба истифода дода шуд
Дар деҳаи ба номи Иброҳим Бозорови шаҳри Турсунзода бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол майдони варзишии «Ҳумо Арена» ифтитоҳ ёфт
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол Фестивали бошукуҳи футбол баргузор гардид