Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба зиёда аз 1 млн аҳолии деҳот роҳҳои пешгирии COVID-19-ро омӯзонид

Январь 18, 2022 16:14

ДУШАНБЕ, 18.01.2022. /АМИТ «Ховар»/. Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) бо таҷрибаи зиёде, ки дар самти кор бо аҳолии маҳал ва мактаббачагон дорад, аз оғози тирамоҳи соли 2020 лоиҳаи “Омодагӣ ва андешидани тадбирҳои зарурӣ бо мақсади пешгирии сироятёбӣ аз коронавируси нави COVID-19” дар Тоҷикистонро мавриди амал қарор дод. Лоиҳаи мазкур дар 15 шаҳру ноҳияҳои мақсадноки кишвар татбиқ гардида, тавассути он зиёда аз 1 млн аҳолии деҳот оид ба роҳҳои пешгирии COVID-19 омӯзонида шуданд.  Ин нукта имрӯз зимни ҷаласаи ҷамъбастии ҶҲАТ оид ба натиҷаи фаъолият дар соли 2021 аз ҷониби котиби генералии он Баҳодур Қурбониён тазаккур дода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Зикр гардид, ки инчунин гурӯҳҳои мақсадноки лоиҳа бо бастаҳои маводи хӯрокворӣ (5600 даста), бастаҳои гигиенӣ (4000 адад) ва мошинаҳои дарздӯзӣ (400 адад) таъмин карда шуданд.

«Ҳамзамон дар доираи лоиҳаи мазкур барои кормандони вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 160 бастаҳои хӯрокворӣ дастрас карда шуданд. Иқдомҳои дигари лоиҳа дар осоишгоҳи Хоҷа Оби Гарм ба истироҳат фаро гирифтани 270 нафар кормандони соҳаи тиб аз ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишвар, ки дар давраи хурӯҷи бемории COVID-19 ба табобати беморони гирифтори коронавирус машғул буданд, ба ҳисоб меравад. Инчунин барои кормандони соҳаи тиб ва аъзои оилаи онҳо 1000 адад бастаҳои гигиенӣ кумак расонида шуданд», — иброз дошт дар идома Б. Қурбониён.

Тазаккур дода шуд, ки беморони сил ва ВНМО аз шумори қишрҳои осебпазир мебошанд ва бинобар ин дар доираи татбиқи лоиҳа ба 1 000 нафар дар саросари Тоҷикистон дар чор марҳила бастаҳои беҳдоштӣ, бо шумули собун, сачоқ, шампун, хокаи ҷомашӯӣ, маводи безараркунӣ ва ниқобҳои тиббӣ тақсим карда шуданд.

Ҳамзамон дар доираи фаъолияти лоиҳаи мазкур тақсимоти бастаи маводи хӯрокворӣ ба оилаҳои ниёзманд ва беморони диабети қанд дар ду марҳила анҷом дода шуд.

Тибқи лоиҳаи мазкур, ба 2 800 нафар маводи хӯрокворӣ дода шуд, ки барои ҳар оила 50 кг орд, 5 литр равғани растанӣ ва донагиҳоро ташкил медод.

Инчунин ҷиҳати омодагии доимӣ оид ба пешгирии бемории COVID-19 ва иҷрои саривақтии фаъолияти пешбинишудаи лоиҳа ба бахшҳои ҷамъият дар 15 шаҳру ноҳияҳои мақсадноки мамлакат маҳлулҳои антисептикӣ, ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ, лавозимоти тиббӣ ва муҳофизатӣ, пешдоман, маводи конселярӣ ва иттилоотӣ ирсол карда шуданд.

Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сафарбаркунии ҷомеа оид ба эмгузаронии COVID-19» моҳи августи соли 2021 оғоз ёфта, то моҳи апрели соли 2022 идома меёбад.

Бо мақсади дастгирии оилаҳои ниёзманди мамлакат бо дастгирии шарикони рушд дар арафаи моҳи шарифи Рамазон ба оилаҳои ниёзманди ҳашт шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва инчунин шаҳри Душанбе кумаки башардӯстона дар шакли маводи хӯрокворӣ дастрас карда шуд.

Дар доираи ин кумак ба 9 331 оилаи ниёзманд — Ҳамадонӣ 900 оила, Муъминобод 900 оила, Ховалинг 1 000 оила, Фархор 1 000 оила, Темурмалик 1 000 оила, Ҷайҳун 1 000 оила, Ҷалолиддини Балхӣ 900 оила, шаҳри Кӯлоб 1 000 оила ва шаҳри Душанбе 1 631 оилаи ниёзманд ва хона-интернатҳо кумаки башардӯстона расонида шуданд.

Кумаки мазкур барои ҳар оила аз 50 кг орд, 3 литр равғани растанӣ, 3 кг биринҷ, 3 кг шакар, 3 кг макарон, 3 кг лӯбиё, 3 кг наск, 0,5 кг чойи хушк ва 1 кг намак иборат буд.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ ҷамъият дар заминаи Лоиҳаи «USAID оид ба барҳам додани бемории сил дар Осиёи Марказӣ» дар 11 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд ва навоҳии тобеи ҷумҳурӣ фаъолият бурда, 260 нафар волонтёрон дар ҳамкорӣ бо марказҳои ноҳиявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил фаъолияти корияшонро ба омӯзиши аҳолии деҳот оид ба пешгирии сироятии вируси нави COVID-19 равона кардаанд. Ҳамарӯза 163 нафар шахсони гирифтори сили мутобиқгашта аз назорат гузаронида мешаванд.

Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бемории сил дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии — Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил ва ташкилоти ғайридавлатии “Ҳамкории боздошти сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо маблағгузории ФБСС ва ҲА ва инчунин дар сатҳи лоиҳаи «ETICA оид ба барҳам додани бемории сил дар Осиёи Марказӣ» якчанд чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ миёни донишҷӯён ва кӯдакони гирифтори бемории сил гузаронида шуданд.

Бо мақсади пурзӯр намудани иқтидори сохторҳои тандурустӣ, аз ҷумла Кумаки аввалини тиббии санитарӣ пас аз гузаронидани таҳлилу омӯзишҳо барои 30 бунгоҳи тиббӣ термосканерҳо, яхдонҳо, тарозуи фаршӣ, фишорченкунак, қандченкунак дастрас карда шуданд.

АКСҲО: ҶҲАТ

Январь 18, 2022 16:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Кумаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба мардуми аз обхезиҳои шадид зарадидаи Қазоқистон ба роҳ баромад
Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми ташкилоти кор бо ҷавонони аъзои ИДМ дар шаҳри Тошканд иштирок намуданд
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон бо ташкилоти байналмилалии соҳавӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Имрӯз дар Душанбе бо иштироки меҳмонон аз Узбекистон Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» ҷамъбаст гардид
Ҳайати намояндагӣ-занони роҳбари воҳидҳои сохтории Ҷумҳурии Узбекистон ба Тоҷикистон омад
МАРОТИБАИ АВВАЛ. Табибони тоҷик усули нави ҷарроҳӣ дар самти табобати сурхрӯда ва меъдаро амалӣ намуданд
Дар Тоҷикистон бар асари боронҳои сел талафоти ҷонӣ ва харобиҳо сабт нашудаанд
Дар шаҳри Кӯлоб омодагии мудофиаи ҳудудӣ ва захираҳои сафарбарӣ мавриди омӯзиш ва санҷиш қарор гирифт
ҲАҶ ФАРЗ АСТ Ё ХУДНАМОЙИИ ҲОҶИЁН? Агар зоирон нисфи хароҷоти исрофкоронаашонро барои бунёди пул, ҳаммом, кандани ҷӯй сарф менамуданд, аҷру савоби бештар мегирифтанд
Дар шаҳри Хуҷанд клиникаи муосири оилавии муосири 1+1 ифтитоҳ гардид
«ВАССОФИ ВАТАН». Фестивал-озмуни тарғибгари дастовардҳои миллӣ оғоз гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Андешаҳо оид ба моҳияти фалсафии он