Ҷамолиддин Нуралиев ба донишҷӯёни ДМТ мавзӯи дигаргунсозии ниҳодии бахши бонкӣ дар Тоҷикистонро рӯнамоӣ кард
ДУШАНБЕ, 20.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев дар ҳамоиши илмие, ки бо иштироки ҳайати профессорон, устодон, унвонҷӯён ва донишҷӯёни бахши иқтисодию молиявии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир гардид, мавзӯъро таҳти унвони «Дигаргунсозии ниҳодии бахши бонкӣ дар Тоҷикистон дар шароити мураккаби иқтисодӣ. Барқарорсозии эътимоднокӣ ва боварӣ» рӯнамоӣ намуд. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ҳадафи ҳамоиши илмӣ афзун гардонидани сатҳи малакаву дониш ва тафаккури молиявию иқтисодӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии иқтисодии ҷавонон бо истифода аз амалия ва назарияи муосир аст.
Ҷамолиддин Нуралиев ҳозиринро бо қисматҳои асосии рӯнамо, ки аз татбиқи самараноки сиёсати пулию қарзӣ ва асъорӣ, нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ, рушди низоми бонкӣ, рушди устувори бозори асъор ва стратегияи бартараф кардани буҳронҳо, ислоҳоти институтсионалии БМТ дар солҳои 2015-2021, тадбирҳои БМТ ҷиҳати пешгирии таъсири хавфҳои бо пандемияи Соvid-19 алоқаманд, идомаи сиёсати пешгирифта шинос намуд. Рӯнамо аз 74 слайд иборат буда, дар ҳар слайди он 160 нишондиҳандаи гуногун дар 11 соли охир бо назардошти таҳлилҳо ва диаграммаҳо инъикос ёфтааст.
Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон зимни рӯнамо аз нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ, аз ҷумла маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, рушди воқеии иқтисодиёт, сатҳи таваррум ва тамоюли тағйирёбии онҳо дар солҳои 2011-2021 маълумот манзур намуд.
Дар самти татбиқи сиёсати монетарӣ роҷеъ ба раванди гузариш аз реҷаи маъмулии ҳадафгирии монетарӣ ба реҷаи сифатан нави сиёсати пулию қарзӣ — ҳадафгирии таваррум баҳри таъмини суботи нархҳо ва нигоҳдории сатҳи муътадили таваррум ҳамчун яке аз нишондиҳандаҳои фундаменталии макроиқтисодӣ барои коҳиш додани номуайянӣ ва интизориҳои манфии аҳолӣ, зиёд гаштани эътимод ба пули миллӣ, тақсимоти босамари захираҳо, афзоиши ҷалби сармоягузориҳои дохилӣ, ки дар маҷмуъ дар рушди воқеии иқтисодиёт ва сатҳи некӯаҳволии мардум заминаи мусоид фароҳам меорад, ибрози ақида намуд.
Ҷамолиддин Нуралиев зикр намуд, ки аз соли 2015 то инҷониб баҳри гузариш ба реҷаи ҳадафгирии таваррум таҳияи стратегияи сиёсати монетарӣ барои солҳои 2016-2020 ва 2021-2025, ҳамоҳангии самаранок миёни аҳолӣ тавассути гузаронидани пурсиши интизории аҳолӣ оид ба таваррум, ҷорӣ ва самаранок намудани фишангҳои нави монетарӣ баҳри идоракунии пардохтпазирии кӯтоҳмуддат ва фаъолгардонии амалиёт дар бозори озод, беҳтар гардидани иқтидори таҳлил ва дурнамосозӣ, гузариш ба стандартҳо ва методологияҳои нави омори байналмилалӣ, ҷорӣ намудани платформаи мутамаркази автоматии шаффофи электронии савдо, таъсирбахшии меъёри бозтамвил ба сатҳи таваррум, таъмини шаффофият дар амалиёти монетарӣ ва дигар ислоҳоти таъсирбахш роҳандозӣ карда шуд.
Зикр шуд, ки дар натиҷаи ислоҳоти самараноки таъсирбахш сатҳи таваррум дар доираи ҳадафи пешбинишуда нигоҳ дошта шуда, муътадилии қурби пули миллӣ дар сатҳи зарурӣ таъмин карда шуд. Муовини якуми Раиси БМТ вазъи низоми бонкӣ ва мукаммал гардидани сохтори он тавассути татбиқи ислоҳоти «гузариш аз миқдор ба сифат», ки боиси беҳтар шудани сифати дороиҳои низоми бонкӣ, коҳиш ёфтани қарзҳои ғайрифаъол, баланд шудани сатҳи кифоятии сармоя ва пардохтпазирӣ, зиёд гардидани ҳаҷми қарзҳои додашуда давоми 6 соли охирро тавзеҳ дод.
Таъкид гардид, ки дар натиҷаи таҳкими сифатии низоми бонкӣ нишондиҳандаҳои асосии устувории молиявӣ, новобаста аз берун шудани ташкилоти қарзии мушкилотдор аз низоми бонкӣ, дар қиёс бо баъзе аз кишварҳо дар сатҳи баланд қарор дошта, беҳтаршавии вазъи молиявии низоми бонкӣ идома дорад. Инчунин зимни пешниҳоди рӯнамо усулҳои муосири баҳодии тобоварии низоми бонкӣ нисбат ба хавфҳо шарҳ дода шуд.
Дар қисмати дигари рӯнамо таваҷҷуҳи ҳозирин ба ислоҳоти институтсионалии муҳим, аз ҷумла таъсиси Маркази миллии протсесингии интиқоли маблағҳо ва Тамсилаи мутавозуни ниҳодии шаффофияти гардиши воситаҳои асъорӣ ҷалб карда шуд, ки ин падида дар ҷаҳон ҳамто надошта, бо мақсади таъмини шаффофияти ниҳодӣ, рақобати солим дар бозори дохилии асъор ва рушди низоми бонкӣ дар сатҳи сифатан наву муосир равона шудааст.
Оид ба Маркази миллии протсессингӣ Ҷамолиддин Нуралиев иброз дошт, ки бо фаъол шудани марказ хавфҳои вобаста ба пардохтпазирии низомҳои пардохтӣ пурра аз байн бурда шуда, рақобати солим дар бозори интиқоли маблағҳо таъмин гардид, хавфҳои расмикунонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом дар ҳудуди кишвар ба маротиб коҳиш дода шуд. Ҳамзамон ин Марказ ба рушди инфрасохтори ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ такони ҷиддӣ дода, дар давраи фаъолияти он кортҳои пардохтӣ ба андозаи 1,3 миллион адад ва шумораи ҳамёнҳои электронӣ 10 баробар зиёд шуданд.
Рӯнамо аз ҷониби муовини якуми Раиси БМТ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ пешниҳод шуда, зимни он муколама ва муҳокимаронӣ оид ба мавзӯъҳои рӯнамо сурат гирифт. Зимни муҳокимаронӣ иштирокдорон оид ба масъалаҳои маблағҳои берун аз низоми бонкӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои бонкӣ, бозори дохилии асъор, сатҳи таваррум, таъсири Соvid-19 ба низоми бонкӣ, рушди зеҳни сунъӣ, меъёрҳои мақбул ва нақшаҳои БМТ дар соли 2022 пурсон шуданд.
Дар қисмати ҷамъбасти рӯнамо Ҷамолиддин Нуралиев идомаи сиёсати БМТ- пешбурди сиёсати самараноки пулию қарзӣ бо татбиқи реҷаи гузариш ба ҳадафгирии таваррум, муътадил нигоҳ доштани сатҳи таваррум, идоракунии самараноки захираҳои байналмилалӣ, татбиқи сиёсати самараноки қурби асъор бо реҷаи нисбатан озоди шинокунанда, фарогирии молиявӣ ва баланд бардоштани саводнокии молиявӣ, таъмини устувории низоми бонкӣ ва таҳкими эътимод ба низоми бонкиро махсусан таъкид намуд.
Муовини аввали Раиси БМТ аз донишҷӯён даъват ба амал овард, ки бо истифода аз манбаъҳои захиравии Донишгоҳ, устодони ботаҷриба, шароити муосири таҳсил дар донишгоҳ малакаи худро бо такя ба таҷрибаи муосири ҷаҳонӣ такмил дода, оянда дар рушди иқтисодиёти давлат саҳм гузоранд.
АКСҲО аз Бонки миллии Тоҷикистон