«Амонатбонк»: Дар 75 филиал оид ба тафсири нуктаҳои муҳими Паёми Пешвои миллат суҳбатҳо доир шуданд
ДУШАНБЕ, 24.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони масъул ва мутахассисони Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», ки сарпарастии филиалҳои бонкро дар шаҳру навоҳии кишвар ба зимма доранд, тӯли як ҳафта- аз 17 то 22 январ бо мақсади тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Парлумони кишвар ва ҳамзамон тарғиби фаъолияти соҳаи бонкдорӣ дар 75 филиали «Амонатбонк» бо фаъолон, раисони маҳаллаҳо, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, соҳибкорон, зиёиён ва дигар табақаҳои аҳолӣ вохӯриҳо анҷом доданд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк».
Зимни вохӯриҳо кормандони масъули «Амонатбонк» ба намояндагони гуногуни ҷомеа самтҳои асосии Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Парлумони мамлакат тавзеҳ доданд.
Зикр шуд, ки тавре Пешвои миллат дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ таъкид карданд, «сармояи низоми бонкии кишвар нисбат ба соли 2000 130 баробар афзоиш ёфт. Ҳаҷми пасандозҳо қариб 100 баробар зиёд шуда, ҳоло бақияи онҳо 10 миллиард сомониро ташкил медиҳад. Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда давоми солҳои соҳибистиқлолӣ 117 миллиард сомониро ташкил карда, аз ҷумла соли 2021 13 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст, ки 37 фоизи он ба соҳибкории истеҳсолӣ равона гардидааст». Аз ҷумла, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни таҳлили низоми бонкии кишвар иброз доштанд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ шумораи ташкилоти қарзӣ дар кишвар ба 63 ва воҳидҳои сохтории онҳо ба 1850 расонида шуд.
Ҳамзамон дар вохӯриҳо масъалаҳои марбут ба хизматрасониҳои бонкӣ, алалхусус пешниҳоди қарзҳо барои рушди соҳибкорию кишоварзӣ ва дар ин замина таъсиси ҷойҳои нави кории доимию мавсимӣ, ки ба зиёдшавии андозҳои маҳаллӣ мусоидат мекунанд, инчунин истифодаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва хизматрасониҳои фосилавӣ баҳри пешгирии танбашавии аҳолӣ дар назди филиал, марказҳои хизматрасонӣ ва банкоматҳои «Амонатбонк» ва дар маҷмӯъ саҳмгузорӣ дар баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ баррасӣ гардиданд.
АКСҲО: Бонки давлатии амонатгузории ҶТ «Амонатбонк»








«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






