ФАЛАК ҶАҲОНӢ ШУД. НАВБАТ БА ҲУНАРҲОЕ, ЧУН ЧИТГАРӢ, ТОҚИДӮЗӢ, ЗАРГАРӢ, ЗАРДӮЗӢ, ҶӮРОББОФӢ РАСИД. Андешаҳои фолклоршиноси тоҷик Дилшод Раҳимӣ
ДУШАНБЕ, 02.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Сабт шудани мусиқии суннатии Фалак ба рӯйхати байналмиллалии ЮНЕСКО дар баробари дигар намунаҳои миллати тоҷик, пеш аз ҳама, барои баланд бардоштани нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мусоидат мекунад, иброз дошт, директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, фолклоршинос ва мардумшиноси тоҷик Дилшод РАҲИМӢ дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» Моҳинави НАВРӮЗ.
Ба андешаи Дилшод Раҳимӣ, акнун аз ин пас мусиқии суннатии фалак барои фарҳанги ҷаҳонӣ хидмат мекунад ва дар маҷмӯъ, обрӯи ҷумҳурии моро ҳамчун давлати фарҳангпарвару тамаддунофар дар миқёси ҷаҳонӣ муаррифӣ хоҳад кард.
«Дар ҳамин солҳои наздик бояд аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон баъзе касбу ҳунарҳое, ки дар ҳоли азбайнравӣ қарор доранд, ба рӯйхати ЮНЕСКО пешниҳод карда шаванд. Масалан, анъанаи читгарӣ, тоқидӯзӣ, заргарӣ, зардӯзӣ, ҷӯроббофӣ ва дигар ҳунарҳои дастие, ки имрӯз занону бонувони тоҷик бо заҳматҳои зиёд онҳоро таҳия мекунанд. Пешниҳоди ин ҳунарҳои мардумӣ ба рӯйхати ЮНЕСКО тақозои замон аст», — иброз дошт Дилшод Раҳимӣ.
Ба феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддӣ аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон панҷ намуна дохил гардидаанд, ки инҳо мусиқии суннатии «Шашмақом» муштарак бо Ҷумҳурии Узбекистон, ҷашни миллии «Наврӯз» муштарак бо 11 кишвари ҷаҳон, «Оши палав», санъати гулдӯзии «Чакан» ва мусиқии суннатии «Фалак» мебошанд.
Мавсуф зикр дошт, ки конвенсияи ЮНЕСКО оид ба мероси фарҳанги ғайримоддӣ барои номинаҳо панҷ шарт муайян кардааст, ки мутобиқи ин шартҳо ҳар номина дар он дохил мегардад;
Дар шарти аввал дар бораи худи анъанаи пешниҳодшаванда маълумоти умумӣ дода мешавад, яъне ин чӣ гуна касбу ҳунар аст, дар куҷо густариш ёфтааст, дар кадом минтақаҳост, онро кӣ иҷро мекунад ва ҳамин анъана аз насл ба насл чӣ гуна мегузарад.
Дар шарти дуюм саволе вобаста ба номинаи мазкур аст, ки ҳамин анъана агар сабт шавад, барои ҷомеа чӣ аҳамият дорад?
Шарти сеюм дар бораи ҳифзи он аст, ки аз ҷониби Ҳукумати ҳамон мамлакат, ҳунармандону ташкилоти ғайридавлатӣ чӣ тадбирҳо дида шудаанд?
Шарти чорум- ин иштироки худи мардум дар таҳияи ҳуҷҷатҳои анъанаи пешниҳодшуда аст.
Шарти панҷум ворид кардани ҳамин анъана ба феҳристи миллии худи ҳамон давлат мебошад.
«Ҳар кишвар феҳристи миллии дохилӣ дорад. Масалан, Ҷумҳурии Тоҷикистон феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддӣ дорад, ки ин аз ҷониби Пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва иттилоот дар ду сол як маротиба такмил ва чоп мешавад. Дар айни замон феҳристи миллии мо 538 намунаи фарҳанги миллиро дар бар гирифтааст. Мусиқии миллии фалак ҳам, пеш аз ҳама, ба ин рӯйхат дохил шудааст», — иттилоъ дод мавсуф.
Дар тамоми ҷаҳон таваҷҷуҳ ба фарҳангҳои суннатӣ мавҷуд аст, зеро агар мо фарҳанги суннатиро тақвият надиҳему ҳифз накунем, ҷомеаи ҷаҳон бо техникаву технологияи нав ворид шуда, фарҳангҳо аз байн мераванд, яъне ҷомеаҳои сунъиву сохта ба вуҷуд меоянд. Фарҳанг барои рангорангии зиндагӣ зарур аст. Созмонҳои байналмилалӣ ҳаминро ба инобат гирифта, ба фарҳанг таваҷҷуҳи зиёд доранд, зеро дар тамоми нуқтаю канори ҷаҳон дар байни аҳли башар бояд фарҳангҳо ҳифз шаванд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Муҳаққиқи афғони муқими шаҳри Ҳамбурги Олмон: «Мардуми шарифи Тоҷикистон соҳиби ганҷинаи бузурги маънавӣ ҳастанд»
Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ доир ба саҳми таърихии Борбади Марвазӣ мегардад
Дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Парчам ҳамоиш доир гардид
Намояндаи Тоҷикистон соҳиби ҷоизаи олии Фестивали байналмилалии «VIVA AZERBAIJAN» гардид
Дар Ҳиндустон нахустин форуми СҲШ баргузор шуд
Намоишномаи «Робиаи Балхӣ» дар Фестивали байналмилалии театрӣ дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Библиомарафон» баргузор гардид
Дар Бохтар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» баргузор шуд
Ҳунармандони тоҷик дар Фестивали сеюми ҷаҳонии фарҳангии Карочӣ иштирок намуданд
Китоби «Забони миллат — ҳастии миллат»-и Президенти Тоҷикистон бо нуҳ забони хориҷӣ тарҷума ва нашр карда шуд
Ҳамкории Осорхонаи миллӣ бо муассисаҳои соҳавии Ҷумҳурии Корея густариш меёбад
Дар шаҳри Хуҷанд Фестивали оши палав ҷамъбаст шуд






