«МАҚСАДҲОИ ГЛОБАЛӢ БАРОИ ҲАМА». Дар Дубай форуми тиҷоратӣ ба кор оғоз намуд

Январь 20, 2022 10:33

ДУШАНБЕ, 20.01.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи баргузории «ЭКСПО-2020 Дубай» дар шакли омехта (ҳузурӣ ва маҷозӣ) Форуми тиҷоратии «Мақсадҳои глобалӣ барои ҳама» ва Ҳафтаи ҳадафҳои глобалӣ ба кор оғоз намуд, хабар доданд дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».

Ҳадаф аз баргузории ин форум баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи Ҳадафҳои Рушди Устувор (SDGs) ва таъкид ба зарурати пурзӯр намудани уҳдадориҳо барои иҷрои ҳадафҳои даҳсолаи амал мебошад.

Иштироккунандагон зикр намуданд, ки танҳо тавассути шарикӣ дар сатҳи маҳаллӣ, минтақавӣ ва глобалӣ мо метавонем ба ин ҳадафҳои ҷаҳонӣ ноил шавем.

Дар кори форум намояндагони палатаҳои савдо ва саноат ва бахшҳои хусусии якчанд мамлакатҳо иштирок намуданд.

Бо дарназардошти он ки Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пешбурди Ҳадафҳои Рушди Устувор  дар ҳама сатҳҳои бахшҳои давлатӣ, хусусӣ ва ғайритиҷоратӣ афзалият медиҳад, дар форум роҳбарияти Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти палатаҳои минтақавии Суғд ва Хатлон ва намояндагони бахши хусусии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштирок намуданд.

АКС аз ПСС Тоҷикистон

Январь 20, 2022 10:33

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад