Тоҷикистон то соли 2030 тавлиди барқро аз ҳисоби манбаҳои барқароршавандаи энергия ба 700 мегаватт расонданист
ДУШАНБЕ, 01.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Соли сипаригардида Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифт, ки то соли 2030 700 мегаватт иқтидори тавлиди барқро аз ҳисоби манбаҳои барқароршавандаи энергия, махсусан офтобӣ ва бодӣ рушд диҳад. Дар ин бора 31 январ Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Ба гуфтаи мавсуф, дар ин бора аллакай 3 лоиҳа дар марҳилаи асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ қарор доранд, ки 260 мегаваттро ташкил медиҳанд. Дар маҷмӯъ, соли сипаригардида истеҳсоли неруи барқ дар ҷумҳурӣ 20 млрд 624,6 млн. кВт-соатро ташкил дод, ки ин меъёр нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 853,8 млн кВт-соат зиёд буда, суръати афзоиш 104,3 фисад таъмин карда шуд.
Зикр карда шуд, ки дар ҳавзаи дарёи Зарафшон раванди таъсиси ҷамъияти саҳомии муштарак миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Узбекистон идома дорад. 10 июни соли сипаригардида миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон Созишнома доир ба таъсис додани ҷамъияти саҳомии муштарак, омодасозии арзёбии техникӣ-иқтисодии сохтмон ва истифодаи ду неругоҳи барқи обӣ дар ҳавзаи дарёи Зарафшон ба имзо расонида шуда буд, ки айни ҳол раванди таъсиси ҷамъияти саҳомӣ идома дорад.
Дар соли сипаригардида дар соҳаи электроэнергетикаи кишвар дар баробари вусъатбахшии корҳо дар бунёди НБО «Роғун» ҳамчунин 18 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 16,6 млрд. сомонӣ татбиқ шуда истодаанд.
Дар ин давра татбиқи лоиҳаҳои таҷдиду навсозии неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Қайроққум» ва лоиҳаҳои минтақавии CASA-1000 ва «Азнавпайвастшавӣ ба низоми энергетикии ягонаи Осиёи Марказӣ» идома дода шуданд.
Дар маҷмӯъ маблағҳои дар ин давра барои рушди соҳа ҷалбгардида 100,0 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳанд, ки аз он 75,0 млн доллари ИМА грант ва 25,0 млн. долларашро маблағҳои қарзӣ ташкил медиҳанд.
АКС аз АМИТ «Ховар»








ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Кӯшониён бештар зироати барвақтӣ кишт гардидааст
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти баҳории картошка аз нимаи дуюми моҳи феврал оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон беш аз 29 ҳазор тонна равғани растанӣ истеҳсол шудааст
Вазири саноат ва технологияҳои нав бо муовини Сарвазир – Вазири зеҳни сунъӣ ва рушди рақамии Қазоқистон вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Италия барои воридоти технологияҳои истеҳсолӣ тақвият медиҳад
Байни Хадамоти гумрук ва ширкати ҷопонии «Yachiyo Engineering Co., LTD» оид ба хизматрасонии машваратӣ шартнома ба имзо расид
Тоҷикистон ҳамкориро бо «Google DeepMind» дар соҳаи рушди зеҳни сунъӣ густариш медиҳад
Бо мақсади иҷрои «Барномаи давлатии таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов барои солҳои 2025-2029» ҳамоиш доир шуд
Дар Саммити байналмилалии «AI Impact Summit» татбиқи зеҳни сунъӣ дар идоракунии давлатии Тоҷикистон муаррифӣ шуд
Роҳбарияти Корпоратсияи «Microsoft» барои густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ изҳори омодагӣ намуд
Бо мақсади рушди устувори соҳаи захираҳои об Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Масоили маблағгузории идомаи сохтмони НБО –и «Роғун» баррасӣ гардид






