Қатъи фаъолияти «Бухорои шариф» роҳкушоӣ ба чопи нашрияҳои дигар буд,- бардошт аз Конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-оммавӣ бахшида ба 110-солагии ин рӯзнома

Март 4, 2022 15:34

ДУШАНБЕ, 04.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Расо 110 сол муқаддам, дар ин шабу рӯзҳо равшанфикрони оянданигари тоҷик новобаста аз фазои номусоиди замон тарҳи нашри рӯзномаи «Бухорои шариф»-ро рӯи даст гирифта, барои ҳифзи арзишҳои миллӣ ин нашрияро ба чоп расониданд. Тавре муҳаққиқон таъкид намудаанд, «Бухорои Шариф» аввалин нашрияе буд, ки дар қаламрави Осиёи Миёна пурра бо забони тоҷикӣ ба табъ мерасид ва аз манфиатҳои миллии мардуми тоҷик ҳимоят менамуд. Ин нуктаро директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ҷумахон Файзализода имрӯз дар Конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-оммавӣ бахшида ба 110-солагии нашри нахустрӯзномаи тоҷикии «Бухорои Шариф» зери унвони «Бухорои Шариф»- сароғози мактаби рӯзноманигории миллати тоҷик», ки ба ифтихори Рӯзи матбуоти тоҷик бо ташаббуси шуъбаи матбуоти даврии Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардид, баён дошт.

Ин нашрия тавонист, ки андешаҳои наву пешрафтаро дар миёни ҷомеа шарҳу тавзеҳ намояд ва ҳадафҳои фаъолияташро, ки рушди мактабу маориф, иқтисоду тиҷорат ва худшиносии мардуми тоҷик буд, густариш диҳад. Ба андешаи Ҷ. Файзализода, рӯзномаи «Бухорои Шариф»-ро дар замони фаъолияташ ва то имрӯз, ки чанд марҳилаи таърихӣ сипарӣ шудааст, ба шаклҳои мухталиф шинохтаанд. Гоҳе ин нашрияи тоҷикиро “манбаи куфру бидъат” мепиндоштанд ва гоҳе “моли замони Аморат” меҳисобиданд. Аммо ҳамеша ҳақиқати ин нашрия нодида гирифта шудааст. Бо шарофати истиқлолияти сиёсии давлатамон ва зери ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Бухорои Шариф» ҳамчун нахустрӯзномаи тоҷикӣ шинохта шуда, рӯзи нашри нахустин шумораи он, яъне 11 март аз соли 1994 ҳамчун Рӯзи матбуоти тоҷик ҷашн гирифта мешавад.

Дар конфронс мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Муҳиддин Пайшанбезода зикр намуд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори озодии баён буда, фаъолияти озоди рӯзноманигорон ва гуногунандешӣ дар ҷомеаро пуштибонӣ мекунад. Афзоиши шумораи нашрияҳо, ки бо риояи гуногунандешӣ дар кишвар сурат мегирад, баёнгари ин воқеият аст, ки дар мамлакат ба арзишҳои демократӣ эҳтиром гузошта мешавад.

«Барои мисол, айни замон дар ҷумҳурӣ 620 рӯзномаву маҷалла фаъолият менамоянд, ки аз онҳо 226 адад нашрияи давлатӣ ва беш аз 390 нашрия ғайридавлатӣ мебошанд. Инчунин дар ҷумҳурӣ 11 агентии иттилоотӣ амал мекунад, ки аз онҳо танҳо 1 агентии иттилоотӣ давлатӣ буда, 10 агентии дигар ғайридавлатӣ мебошанд. Ҳамзамон шумораи шабакаҳои давлатии телевизионию радиошунавонӣ низ нисбат ба шабакаҳои ғайридавлатӣ ба маротиб зиёд буда, барои иттилоърасонӣ ба мардуми азизи кишварамон хизмат мекунанд»,- изҳор дошт М. Паншанбезода.

Ба андешаи мавсуф, таҷлили Рӯзи матбуоти тоҷик барои ҷомеаи мо рӯзи муҳим мебошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба муҳимияти ин сана таъкид доштаанд, ки «таҷлили Рӯзи матбуоти тоҷик на танҳо ҷашни аҳли матбуот, балки ҷашни умумимиллӣ низ мебошад. Зеро барои ба вуҷуд омадани нахустин рӯзномаи тоҷикии «Бухорои шариф» фарзандони равшанзамиру маърифатпарвари миллат, ки бо фаъолияти муассири ҷамъиятиву сиёсӣ ва фарҳангии худ дар он замон эътибори баланд доштанд, саҳм гузоштанд”.

Муҳаққиқ ва рӯзноманигори тоҷик Муҳаммадиқбол Атозода изҳор дошт, ки таъсиси нахустрӯзнома, бешубҳа, барои муқобилият намудан ба афкори зиддимиллӣ буд. Маҳз дар нахустин шумораи рӯзнома таъкид шудааст: «Ҷаридаи ҳар миллат забони гӯёи ҳамон миллат аст ва миллате, ки ҷарида надорад, гӯё забон надорад… Чунончи ҳар гоҳ як миллатеро он дигар … таън ва ё ҳақорат кунад ба воситаи ҷаридаи худ адо хоҳад кард ва тарафи муқобил ҳам агар ҷарида дошта бошад, ҷавоб гуфта, аз таън ва ҳақорат халос мешавад ва илло хомӯш буда, абадуддаҳр зери бори таъну маломати дигарон хоҳад монд».

“Бо чунин марому мақсад ва ҳадафҳои миллӣ зиёиёни тоҷик дар муҳити Аморати Бухоро, ки таҳти таъсири шовинизми пантуркистӣ қарор дошт, ба ҳимоят аз манофеи миллати худ бархостанд. Муассисони «Бухорои шариф» аз рӯзҳои аввали нашр шудани рӯзнома рисолати тарбиятгарӣ, фикрофаринӣ ва равшангароиро пеша намуда, дар иҷрои ин рисолат муқаддамтарин нашрияҳои замон, агентиҳои иттилоотӣ ва пойгоҳҳои хабарии минтақаро ҳамчун сарчашмаи муътамади иттилоотӣ ва ҳамчун далел бар андешаҳои худ истифода менамуданд”, гуфт М. Атозода.

Ба андешаи муҳаққиқ, маҳз ин талошҳои масъулини «Бухорои шариф» боис гардидааст, ки нашрия дар марҳилаи кӯтоҳ дар муҳити Аморати Бухоро ва вилоятҳои атрофи он хонанда пайдо намуда, андешаи миллӣ ва тафаккури навгароиро таблиғ намояд. Инчунин дар муҳити адабӣ, тиҷоратӣ ва иҷтимоии Аморат мавқеи таҳриккунанда ёфта, то андозае ба шуури ҷамъиятӣ мусаллат шудааст. Маҳз ин ҳолат боис шуд, ки Аморати Бухоро ва намояндагии Русияи подшоҳӣ дар Бухоро мавҷудияти ин нашрияро бар зидди сиёсати худ дониста, нашри рӯзномаро қатъ намуданд. Аммо қатъи фаъолияти «Бухорои шариф» на қатъи як рӯзнома, балки роҳ кушодан ба чопи нашрияҳои дигар буд. Зеро «Бухорои шариф» барои аҳли қалам, маорифпарварон ва сармоядорон мактаби хуби нигориш ва иттилоърасониро замина гузошт.

Дар идомаи ҳамоиш аз ҷониби муҳаққиқон ва устодони соҳаи матбуот профессор Иброҳим Усмонов, доктори илмҳои филологӣ, профессор Мурод Муродӣ, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатуллоҳ Ислмоилзода, муҳаққиқон Қироншоҳ Шарифзода, устодони факултаи журналистика ва дигар намояндагони ВАО маърӯзаҳои пурмуҳтаво ва суханрониҳо, ки фарогири мавзӯъҳои мухталифи фаъолияти нахустрӯзномаи тоҷикии «Бухорои шариф» буданд, пешниҳоди ҳозирин карда шуданд.

Ҳоло нусхаҳои электронии рӯзномаи «Бухорои шариф» дар махзани электронии шуъбаи матбуоти даврии Китобхона нигоҳдорӣ ва барои хонандагон пешкаш карда мешаванд.

Шуъбаи матбуоти даврӣ бойгонии азими нашрияҳои даврӣ буда, аз соли 1935 то имрӯз барои ҷамъоварию ҳифзу нигаҳдорӣ намудани матбуоти даврӣ ва иттилоотонию ташаккул додани маърифату маънавиёти мардум саҳми арзанда гузоштааст.

 

Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР,
АМИТ «Ховар»

АКСҲО: АМИТ «Ховар»

Март 4, 2022 15:34

Хабарҳои дигари ин бахш

«БО ҲАМ». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши асарҳои рассомони муосири тоҷик оғоз шуд
Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Қалъаи Ҳисорро тамошо намуд
Чор иншооти муҳими шаҳри қадимии Панҷакент барқарор карда шуд
Дар Институти физикаю техника озмоишгоҳи замонавӣ ба истифода дода шуд
Дар мактаби миёнаи № 35-и шаҳри Минск ба номи Домулло Азизов барномаи фарҳангӣ доир шуд
Дар пояи муҷассамаи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ дар шаҳри Рими Италия аз номи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон гулчанбар гузошта шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалии «Густариши ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика» идома меёбад
Дар Бохтар аввалин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ баргузор гардид
Дар мавзуи «Паёми Президенти Тоҷикистон ва масъалаҳои рушди фаъолияти китобдорӣ ва бойгонишиносӣ» ҳамоиш доир шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ҳайати намояндагони Академияи илмҳои Чин вохӯрӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон барномаи омӯзишии Мактаби театрии Александрин мегузарад
ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН. Дар шаҳри Ҳисор озмунҳои «Тоҷикистони ман!» ва «Шоҳнома Ватан аст!» доир мегарданд