ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи Кӯлоб-Ховалинг ва кӯчаҳои марказӣ беш аз 1000 бех ниҳолҳои ороишию сояафкан шинонида шуданд

Март 16, 2022 15:08

ХОВАЛИНГ, 16.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ховалинг дар ҳамдастӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ  ва иштироки сокинон дар шоҳроҳи Кӯлоб-Ховалинг ва кӯчаҳои марказии ноҳия беш аз 1000 бех ниҳолҳои ороишию сояафкан шинонида шуданд. Дар ин рӯзҳои мусоиди фасли баҳор кормандони ташкилоту корхона ва сокинони ноҳияи Ховалинг дар маъракаи сарсабзу хуррамгардонии муҳити зист фаъолона иштирок менамоянд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар».

Дар ду паҳлӯи шоҳроҳи мазкур, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон навсозӣ гардида, соли 2019 бо иштироки Пешвои миллат мавриди истифода қарор гирифта буд, шинонидани ниҳолҳои мевадиҳанда, аз ҷумла олую олуча, себу муруд ва ниҳолҳои ороишӣ бомаром ҷараён дорад. Шурӯъ аз даромадгоҳи ноҳия фақат дар мавсими имсола беш аз 6 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд.

Тавре мудири бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ховалинг Фирдавс Абдураҳимов иттилоъ дод, ҳангоми шинонидани ниҳолҳо бо тавсияи мутахассисон қоидаҳои агротехникӣ риоя карда мешаванд. Дар бехи дарахтон ба хок нуриҳои органикӣ ва минералӣ ҳамроҳ намуда, об мерезанд ва баъдан ниҳолҳоро мешинонанд. Риояи ин қоидаҳо боис гардиааст, ки соли сипаригардида хушкшавии ниҳолҳо ҳамагӣ 7 фоизро ташкил дод.

Дар кӯчаҳои марказӣ ва хиёбонҳо низ ҳангоми шинонидани ниҳолҳо коидаҳои агротехникӣ риоя карда мешаванд. Кормандони идораи хоҷагию коммуналӣ дар хиёбонҳо гулҳои мавсимӣ мешинонанд. Ба иттилои масъулин, то имрӯз беш аз 30 ҳазор бех гули садбарг ва 5 ҳазор дона гули лола шинонида шудааст. Ҳамзамон бехи дарахтонро нарм намуда, то охири моҳи апрел шинонидани гулҳои мавсимиро идома медиҳанд.

Дар Ҷамоати деҳоти Кӯлоби шаҳри Кӯлоб низ сокинон бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ дар кӯчаю маҳаллаҳо ниҳолҳои ороишӣ мешинонанд. Дар ин ҷамоат маъракаи ниҳолшинонӣ то охири моҳи март идома меёбад.

 

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Март 16, 2022 15:08

Хабарҳои дигари ин бахш

«КИШВАРИ САБЗ». Дар Мурғоб беш аз 3 ҳазор бех ниҳоли дарахтони сояафкан шинонида шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд