Дар Душанбе масоили ҳуқуқ, таҳсил ва бокортаъминкунии маъюбон таҳлилу баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 20.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Масоили ҳуқуқи маъюбон, имконият ба таҳсилоти фарогир, бокортаъминкунӣ, мутобиқшавии иҷтимоӣ, ҳавасмандгардонӣ, ворид намудани онҳо ба ҳаёти муқаррарӣ дар ҷомеа ва дигар масъалаҳое, ки дар Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи маъюбон пешбинӣ шудаанд, 19 апрел дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода бо мушовири Котиботи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба ҳуқуқи маъюбон Сара Минкара ва Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷон Марк Помершейм мулоқот намуд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати ҳамкории минбаъда бо мақсади амалӣ намудани муқаррароти Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи маъюбон иброз доштанд.
Зимни мулоқот оид ба фаъолияти Муассисаи давлатии Литсейи касбии махсуси маъюбон дар шаҳри Душанбе ва филиали он дар ноҳияи Рӯшон, ки дар онҳо шахсони ниёзманди ҷомеа, маъюбон, ятимон, бепарасторон ва нафароне, ки волидайнашон маъюби гурӯҳи 1 ва 2 мебошанд, ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, маълумоти муфассал дода шуд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба солимгардонии касбомӯзон аҳамияти ҷиддӣ дода шуда, дар доираи Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои маъюбон дар муносибатҳои меҳнатӣ, шуғл, касбомӯзӣ, кумакҳо, имтиёзҳои иҷтимоӣ ва дигар ҷанбаҳои фаъолияти ҳаётии онҳо имтиёзҳо пешбинӣ шудаанд.
АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ








Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд






