Эмомалӣ Раҳмон иштирокчиёни Саммити чоруми оби кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Оромро ба Душанбе даъват карданд

Апрель 23, 2022 13:35

ДУШАНБЕ, 23.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зимни суханронӣ дар Саммити чоруми оби кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи иштирокчиёни онро ба Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки 6-9 июни соли равон дар Душанбе баргузор мегардад, даъват карданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

«Бо истифода аз фурсати муносиб, ҳамаи  иштирокчиёни Саммити кунуниро ба Конфронси Душанбе ва гузоштани саҳми муносиб ба раванди омодагирӣ ба Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид даъват менамоям», — иброз доштанд Пешвои миллат.

Тоҷикистон ҳамчун ташаббускори Даҳсолаи нави амал «Об барои рушди устувор» «Раванди оби Душанбе»-ро оғоз бахшида, соли 2018 Конфронси нахустини сатҳи баландро оид ба Даҳсола доир намуд ва баргузории Конфронси навбатии онро 6-9 июни соли ҷорӣ дар назар дорад.

Конфронси дуюми Душанбе ҳамчун ҳалқаи асосӣ барои пайвастани занҷираи чорабиниҳои гуногуни ҷаҳонӣ, аз ҷумла Саммити чоруми оби кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором хизмат хоҳад кард ва дар раванди омодагӣ ба Конфронси соли ояндаи СММ оид ба баррасии миёнамуҳлати Даҳсолаи об нақши калидӣ хоҳад дошт.

Мавриди зикр аст, ки Конфронси соли 2023 дар Ню-Йорк, ки зери ҳамраисии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерландия сурат хоҳад гирифт, баъд аз қариб панҷоҳ соли нахустин Конфронси оби соли 1977-и СММ баргузор мегардад.

Бояд гуфт, ки Саммити чоруми оби кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором 23-24 апрел дар Кумамотои Ҷопон баргузор гардида, дар он ҳайатҳои сатҳи баланд, аз ҷумла сарони давлатҳо ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ аз минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором масоили мухталифро вобаста ба захираҳои об баррасӣ хоҳанд кард.

Тоҷикистонро дар Саммити мазкур Вазири энергетика ва захираҳои оби кишвар Далер Ҷумъа ва муовини Вазири корҳои хориҷӣ Шараф Шерализода намояндагӣ доранд.

АКС аз бойгонии Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Апрель 23, 2022 13:35

Хабарҳои дигари ин бахш

35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»