ФУТБОЛ. «Хатлон» ва «Регар-ТадАЗ» дар чемпионат миёни дастаҳои Лигаи олӣ ғолиб омаданд
ДУШАНБЕ, 25.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. 23-24 апрел дар варзишгоҳҳои мамлакат бозиҳои даври чоруми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол-2022 миёни дастаҳои Лигаи олӣ хеле ҷолиб баргузор шуданд, ки дар натиҷа аввалин истеъфои мураббӣ дар ин мавсим ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Пас аз мағлубият дар бозии хонагӣ ба муқобили дастаи КМВА (1:2) сармураббии дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд Рустам Хоҷаев тасмим гирифт, ки аз роҳнамоии клуб канор равад. Дастаи КМВА-и шаҳри Душанбе бо роҳбарии мутахассиси эронӣ Амин Субҳонӣ сеюмин пирӯзии пайиҳамро дар оғози мавсим ба даст овард. Дар даври чорум артишиҳо дар меҳмонӣ бар дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби 2:1 ғалаба карданд.
Дастаи футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бо ҳисоби минималӣ (1:0) дастаи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъро шикаст дод. Голи ягонаро Умарҷон Шарипов дар дақиқаи 45 ба нишон расонид. Бо 10 хол аз чор бозӣ дастаи Аслиддин Ҳабибуллоев дар садри ҷадвал қарор дорад.
Дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб дар майдони худ натавонист бар дастаи «Равшан»-и ноҳияи Зафаробод пирӯз шавад (1:1). Ба голи задаи Абдухалил Боронов зафарободиҳо тавассути зарбаи нишонраси Азимҷон Мавлонов ҷавоб доданд.
Пас аз нокомиҳои пайиҳам дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода аввалин пирӯзиашро ҷашн гирифт. Футболбозони шаҳри Турсунзода дар меҳмонӣ бар дастаи футболи «Истаравшан»-и шаҳри Истравшан бо ҳисоби 1:0 ғалаба карданд. Голи ягонаро Фатҳулло Фатҳуллоев ба нишон расонид.
Хотиррасон мешавем, ки 16-17 апрел бозиҳои даври сеюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ дар варзишгоҳҳои мамлакат дар сатҳи баланд баргузор гардида буданд. Дастаи футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар пас аз натиҷагирии се даври бозиҳо дар садри ҷадвал қарор дорад. Ин даста бо роҳбарии сармураббӣ Аслиддин Ҳабибуллоев дар се бозӣ пирӯз шуда, як бозиро мусовӣ анҷом дода, 10 хол ба даст овард. Аз ҷумла, дастаи футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар дар даври сеюм бар дастаи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуд. Ҳисобро Санҷар Рихсибоев дар дақиқаи 43 ба нафъи дастаи «Эсхата» кушод. Нуриддин Ҳамроқулов дар дақиқаи 69 ҳисобро баробар кард. Санҷар Рихсибоев дар дақиқаи 84 боз ҳам дастаи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷандро ба пеш баровард. Вале Тони Бикатал дар дақиқаи 88 ва Парвиз Боқӣ-Охунов дар дақиқаи 90+1 ду гол зада, ғалабаи дастаии футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтарро таъмин карданд.
Дар бозиҳои дигар дастаҳои футболи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ бо «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби мусовии 0:0 бозӣ карда, дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб дар меҳмонӣ бар дастаи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад ва аввалин пирӯзиашро ҷашн гирифт. Дастаи «Равшан»-и ноҳияи Зафаробод дар майдони худаш аз дастаи КМВА-и шаҳри Душанбе бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд.
Чемпионати Тоҷикистон-2022
Лигаи олӣ. Даври 2-ум
8 апрел (ҷумъа)
«Эсхата» – «Файзканд» 1:3
Голҳои Оятулло Сафаров, Шавкати Ҳотам ва легионери узбек Амирҷон Сафаров пирӯзии аввалини дастаи «Файзканд»-ро дар мавсими нави чемпионати Тоҷикистон таъмин карданд. Ягона голи дастаи «Эсхата»-ро Санҷар Рихсибоев аз зарбаи 11-метра ба нишон расонид.
Ёдовар мешавем, ки бозиҳои даври панҷуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол-2022 миёни дастаҳои Лигаи олӣ 30 апрел ва 1 май доир мегарданд. Дар даври мазкур дастаҳои футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бо «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд, «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ, КМВА-и шаҳри Душанбе бо «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб, «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода бо «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд ва «Равшан»-и ноҳияи Зафаробод бо «Истаравшан»-и шаҳри Истарвшан миёни ҳам бозӣ мекунанд.








Дар Москва бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ Мусобиқа оид ба футболи хурд таҳти унвони «Ҳамбастагӣ-2026» баргузор шуд
Дар ноҳияи Шаҳринав Маркази рушди бокс ва майдони варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар деҳаи Себистони ноҳияи Данғара майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар раддабандии нави ФИФА мақоми 101-умро соҳиб гардид
Дар Бадахшон лигаи волейбол байни мардон оғоз гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар бозии дӯстона тими миллии Ҳиндустонро мағлуб кард
Варзишгар аз Тоҷикистон Абдулмаҷид Кудиев дар Узбекистон медали тиллоро сазовор шуд
ФУТБОЛ. Дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Чин бозиҳои дӯстона баргузор мекунад
Ғолибони Чемпионати Осиё оид ба бокс қадрдонӣ карда шуданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои бозиҳои дӯстона бо тими мунтахаби Ҳиндустон муайян гардид
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими мунтахаби Ҳиндустон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар Ёвон гулгашти фарҳангию фароғатӣ бо муҷассамаи «Рамзи футбол» ба истифода дода шуд






