ИҚДОМ БА ЗЕБОИПАРАСТИВУ ОЗОДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ Ҳафтаи гулшинонӣ эълон гардид

Апрель 20, 2022 13:31

ДУШАНБЕ, 20.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастури Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот дар шаҳри Хоруғ Ҳафтаи гулшинонӣ эълон карда шуд, зеро ниҳолпарвариву гулшинонӣ  ва сабзкорӣ аз қадимулайём барои тоҷикон рамзи зиндагии шоиста, хуррамӣ ва шодобӣ мебошад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ.

Барои ободониву шукуфоӣ ва тағйирёбии симои шаҳри Хоруғ ҳамаи роҳбарони идораву муассисаҳои вилоят ва шаҳр муваззаф гардиданд, ки атрофи идораву муассисаи худро ба тартиб дароварда, гул шинонанд.

Гулҳои зебову рангоранг аз шаҳри Душанбе дастрас ва ба масъулини идораву муассисаҳои шаҳри Хоруғ тақсим карда шуданд.

Кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шуъбаи фарҳанги вилоят бо роҳбарии муовини якуми раиси ВМКБ Низом Мирзозода ва муовини раиси ВМКБ Нилуфар Асламшоева ба ҳашар баромада, дар пеши театри вилоятӣ ба номи Меҳрубон Назаров гулҳои рангоранг ва зебо шинонданд.

Мавриди зикр аст, ки шаҳри Хоруғ дар замони соҳибистиқлолии мамлакат симои зоҳирии худро куллан тағйир додааст. Қомат афрохтани ноҳолҳои ҳамешасабз ва гулҳои рангоранг ба зебоии шаҳр ҳусну таровати тоза мебахшад. Сабзазоркуниву гулшинонӣ миёни мардуми тоҷик чун рамзи сарсабзӣ ва зебоӣ маҳбубияти хосса дошта, чунин иқдом шаҳрвандонро ба зебоипарастиву озодагӣ  талқин менамояд.

АКС: МИҲД ВМКБ

 

Апрель 20, 2022 13:31

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад
Энергетикҳо дар маҳаллаи Лучоби Боло 1500 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинониданд