Ба 36 нафар хонандагони Мактаб-интернати ноҳияи Лахш бахшида ба Рӯзи ҷавонон туҳфаҳо тақдим карда шуданд
ЛАХШ, 11.05.2022. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки ҳамасола 23 май таҷлил мегардад, раиси ноҳияи Лахш Файзулло Баротзода ва намояндаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаҳои идонаи ин вазоратро иборат аз либосҳои варзишӣ ба 36 нафар хонандагони Мактаб-интернати назди муассисаи миёнаи умумии рақами 1-и ноҳияи Лахш тақдим намуданд. Дар ин бора дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД иттилоъ доданд.
Дасти кумак дароз намудан ба ятимону бепарасторон ва оилаҳои ниёзманд аз ҷумлаи хислатҳои неки инсонист. Дастгириҳои пайваста ва таваҷҷуҳу ғамхориҳо нисбат ба ятимону маъюбон, бепарасторон, дардмандону оилаҳои эҳтиёҷманд дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, аз амалҳои хайрхоҳона ва инсондӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад.
Дар доираи чунин иқдому тадбирҳои муҳим ва хайрхоҳонаи роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оилаҳои эҳтиёҷманд, хусусан ятимону шахсони дорои имконияти маҳдуд дар ноҳияи Лахш пайваста дастгирӣ ёфта, зери таваҷҷуҳу ғамхориҳои ҳамешагии роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қарор доранд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш









Дар ноҳияи Айнӣ пайомадҳои офати табиӣ бартараф мегарданд
Нахустин ҷаласаи Раёсати Шурои ҷамъиятии «Занони Тоҷикистон» баргузор шуд
Дар шаҳри Хуҷанд мавсими нави оббозӣ дар шиногоҳи соҳили дарёи Сир оғоз гардид
ОГОҲӢ! Аз 3 то 5 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад
Самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти касбӣ бо Намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО. Нобиғае, ки аз замони худ садсолаҳо пештар меандешид
Ширкати «IRS»: «Ҳаракати нақлиёт дар роҳи Душанбе – Чаноқ таъмин аст»
ШАРБАТИ САЛОМАТӢ. Олимони тоҷик истеъмоли онро барои пешгирии бемориҳои камхунӣ, ҷоғар ва диабет тавсия медиҳанд
СИРИШТИ СИНОИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб
«ТОБИСТОН-2026». Дар Суғд барои шавқовар баргузор намудани истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон тадбир меандешанд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН. Падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак чӣ уҳдадорӣ ва ҳуқуқ доранд?
Дар Душанбе ғолибони Фестивали ҷумҳуриявии «Малакаҳои касбӣ» қадрдонӣ гардиданд






