ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2022. Имрӯз дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозиҳои даври навбатӣ доир мешаванд
ДУШАНБЕ, 20.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шоми имрӯз дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозиҳои даври навбатии Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) миёни дастаҳои мунтахаби футболи наврасони то 16-солаи Тоҷикистон бо Эрон ва Узбекистон бо Қирғизистон баргузор мегарданд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Аз ин пеш дар бозиҳои даври навбатии Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) дастаҳои мунтахаби футболи наврасони то 16-солаи Тоҷикистон бо Узбекистон ва Эрон бо Афғонистон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе миёни ҳам рақобат карда буданд.
Дар даври мазкур дастаи мунтахаби футболи наврасони то 16-солаи Тоҷикистон аз дастаи мунтахаби наврасони Узбекистон бо ҳисоби 2:0 мағлуб гардид ва дастаи мунтахаби наврасони Эрон бо натиҷаи 1:0 дастаи мунтахаби наврасони Афғонистонро шикаст дод. Мавриди зикр аст, ки аз ин пеш дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар даври сеюми Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), ки дар Душанбе ҷараён дорад, бо дастаи мунтахаби наврасони Афғонистон бо ҳисоби мусовии 0:0 бозӣ кард.
Бозии дастаҳо 16 май дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе дар сатҳи баланд баргузор шуда буд. Дар бозии дигари даври сеюми Чемпионати CAFA-2022 миёни дастаҳои мунтахаби наврасони то 16-сола Эрон бо ҳисоби 2 бар 0 ҳамтоёнаш аз Қирғизистонро мағлуб намуд. Чемпионат аз рӯйи системаи даврӣ дар як давр сурат мегирад.
Ёдовар мешавем, ки баъди ин давр дастаи мунтахаби то 16-солаи Узбекистон бо 7 имтиёз аз рӯи натиҷаи голҳои задааш дар ҷои аввал ҷойгир аст. Дастаи мунтахаби наврасони Эрон бо 7 хол дар мақоми дуюм қарор дорад. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо 4 хол дар зинаи сеюм меистад, дастаҳои мунтахаби наврасони Афғонистон бо 2 хол ва Қирғизистон бо 1 хол дар ҷойҳои чаҳоруму панҷум қарор доранд.
Чемпионати CAFA-2022 байни дастаҳои наврасон (U-16)
Даври 1
Узбекистон 2:2 Эрон
Афғонистон 1:1 Қирғизистон
Даври 2
Қирғизистон 0:2 Тоҷикистон
Узбекистон 6:0 Афғонистон
Даври 3
Эрон 2:0 Қирғизистон
Тоҷикистон 0:0 Афғонистон
Даври 4
18 май (чоршанбе)
Эрон 1:0 Афғонистон
Узбекистон 2:0 Тоҷикистон
Даври 5
20 май (ҷумъа)
18:00 Қирғизистон – Узбекистон
21:00 Тоҷикистон – Эрон
Акс: ФФТ








Пагоҳ дар Душанбе Чемпионати Тоҷикистон оид ба самбо оғоз меёбад
Қуръакашии бозиҳои Чемпионати Тоҷикистон-2026 байни дастаҳои Лигаи олӣ оид ба футбол баргузор шуд
Соли 2025 варзишгарони Тоҷикистон аз мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ 510 медал ба даст оварданд
Паралимпичиёни тоҷик бо 22 медал дар Ҷоми ҷаҳон оид ба армрестлинг ва пара-армрестлинг байни 25 давлат дар зинаи дуюм қарор гирифтанд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 дар Тоҷикистон беш аз 11 ҳазор иншооти варзишӣ фаъолияти пурсамар намуданд
ФУТБОЛ. 5 феврал қуръакашии тақвими чемпионати Тоҷикистон-2026 баргузор мешавад
Варзишгарони Тоҷикистон дар Ҷоми ҷаҳон оид ба армрестлинг ва пара-армрестлинг 22 медал ба даст оварданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол бо ҳамтоёнаш аз Ҳиндустон бозии дӯстона анҷом дод
Шаҳром Самиев фаъолияташро дар бошгоҳи футболи «Ал-Карма»-и Ироқ идома медиҳад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ аз мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ 446 медал ба даст оварданд
Дар Душанбе Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷиу-ҷитсу байни калонсолон баргузор гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал иштирокашро дар Ҷоми Осиё-2026 ба анҷом расонид






