Дар вилояти Хатлон Рӯзи шашмақом — достони муҳташами савту калом бо шаҳомати хосса таҷлил шуд
ДУШАНБЕ, 12.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. 11 май дар Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов вилояти Хатлон ба муносибати Рӯзи шашмақом, ки ҳамасола 12 май таҷлил мешавад, барномаи фарҳангӣ баргузор гардид.
Тавре аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ҳамоиш муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ аҳли ҳунар ва алоқамандони ин жанри мусиқии суннатиро шодбош гуфта, иброз намуд, ки дар сиёсати созандаю бобарори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарҳанг ҷойгоҳи хос дошта, зери таваҷҷуҳи ҳамешагии Ҳукумати мамлакат қарор дорад.
«Маҳз ҳамин бузургии санъати миллии шашмақом аст, ки он дар радифи дигар арзишҳои муқаддасу миллии тоҷикон зери таваҷҷуҳи хоси Пешвои миллат қарор ёфт ва ҷиҳати рушду камоли ин санъати миллӣ ва бузургдошти шашмақом ба ҳайси рукни абадзиндаи миллат ҳамчун достони муҳташами савту калом соли 2000-ум мақоми давлатӣ касб намуд»,- гуфт мавсуф.
Зикр шуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба рушду такомули ин жанри миллӣ мароқи хосса зоҳир намуда, бобати эҳё ва идомаи мактаби мусиқии шашмақомхонӣ шароиту имконияти мусоид фароҳам оварда, ҳунармандон дастгирӣ меёбанд. Инчунин дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ансамбли «Шашмақом» фаъолият дорад, ки ҳунармандони он ба ҳама тадбирҳои сиёсию фарҳангӣ ҷалб шуда, нақши онҳо баҳри баланд бардоштани камолоти маънавии мардум ва тарбияи насли наврас дар ҷодаи мақомхонӣ ва рушд додани ёдгории бегазанди санъати мусиқии шашмақом беназир аст.
Дар анҷоми барномаи фарҳангӣ ба як зумра ҳунарпешаҳои ансамбли «Шашмақом»-и вилоят барои саҳмгузорӣ дар рушди соҳаи фарҳанг ва ҳунар, иштироки фаъолона дар барномаҳои фарҳангӣ ва тарбияи мутахассисон сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон тақдим карда шуданд.
АКС: шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон










Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад






