ФУТБОЛ. «Равшан» ва «Регар-ТадАЗ» дар даври панҷуми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ ғолиб омаданд
ДУШАНБЕ, 04.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бозиҳои даври панҷуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол-2022 миёни дастаҳои Лигаи олӣ 30 апрел ва 1 май дар варзишгоҳҳои мамлакат хеле ҷолиб баргузор гардиданд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Дар даври панҷум дастаи «КМВ Артиш»-и шаҳри Душанбе ба аввалин бохт рӯбарӯ гардида, дастаи футболи «Равшан»-и ноҳияи Зафаробод аввалин пирӯзиашро ҷашн гирифт. Дастаи КМВА-и шаҳри Душанбе дар майдони худ аз дастаи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд. Ба як голи бозингари дастаи мизбон Шарафҷон Солеҳов кӯлобиҳо тавассути Коуасси Инносент ва Абдухалил Боронов бо ду гол ҷавоб доданд. Дастаи футболи «Равшан»-и ноҳияи Зафаробод бар дастаи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд. Ҳисобро футболбози дастаи «Истаравшан» Мбеке Сиябатчу Деудони кушод. Бозингари зафарободӣ Бахтиёр Зарипов ду гол зада, аввалин пирӯзии дастаи футболи «Равшан»-и ноҳияи Зафарободро дар Лигаи олӣ таъмин кард.
Дар бозии дигар дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода дар бозии хонагӣ дастаи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷандро бо ҳисоби 3:1 мағлуб кард. Голҳоро дар ҳайати дастаи ғолиб Дилшод Бозоров, Фатҳулло Фатҳуллоев ва Алиҷони Айнӣ ба нишон расониданд.
Дастаи футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар дар ин давр бо дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд баробар (0:0) бозӣ карда, пешсафиашро дар ҷадвали мусобиқа нигоҳ дошт.
Ёдовар мешавем, ки дар бозиҳои даври шашуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол-2022 миёни дастаҳои Лигаи олӣ 7 май дастаҳои футболи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бо «Равшан»-и ноҳияи Зафаробод, «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ бо «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода, 9 май «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан бо КМВА-и шаҳри Душанбе, 12 май «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб ва «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бо «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе миёни ҳам вомехӯранд. Инчунин 8 май миёни дастаҳои футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон-2022 баргузор мегардад.
Акс: ФФТ









Ғолибони Чемпионати Осиё оид ба бокс қадрдонӣ карда шуданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои бозиҳои дӯстона бо тими мунтахаби Ҳиндустон муайян гардид
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими мунтахаби Ҳиндустон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар Ёвон гулгашти фарҳангию фароғатӣ бо муҷассамаи «Рамзи футбол» ба истифода дода шуд
Дар деҳаи ба номи Иброҳим Бозорови шаҳри Турсунзода бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол майдони варзишии «Ҳумо Арена» ифтитоҳ ёфт
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол Фестивали бошукуҳи футбол баргузор гардид
Дар Душанбе Варзишгоҳи миллӣ ба истифода дода мешавад
Хислатҳои неки роҳбарии Рустами Эмомалӣ -ҳадафмандӣ, таваҷҷуҳ ба таҷрибаҳои беназир, эҳтиром ба одамон ва муоширати сатҳи баланд
Эмомалӣ Раҳмон: «Футбол имрӯз на танҳо як намуди варзиш, балки омили муҳими таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагии халқҳо гардидааст»
Дар шаҳри Оснабрюки Олмон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол мусобиқа баргузор гардид
25 МАЙ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ. Дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ Фестивали футбол доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бошукуҳ таҷлил карда шуд






