КОНФРОНСИ ДУЮМИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ ОБ ДАР ДУШАНБЕ. То имрӯз ҷиҳати иштирок дар он беш аз 1000 нафар номнавис шудаанд

Май 12, 2022 08:36

ДУШАНБЕ, 12.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари ташаббускор дар ҳалли масъалаи об буда, тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ зери роҳбарии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонро ба ҳалли ин масоил ҷалб менамояд. Ҳамин аст, ки 6-9 июни соли 2022 пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе  мизбони  боз як ҳамоиши муҳими байналмилалӣ- Конфронси дуюми Душанбе оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амали об буда, дар он паҳлӯҳои гуногуни масоили обу иқлим  баррасӣ мешаванд. Вобаста ба ҳадафҳои баргузории конфронси мазкур ва нақши он дар раванди омодагӣ ба Конфронси соли ояндаи СММ оид ба баррасии миёнамуҳлати Даҳсолаи дуюми об хабарнигори АМИТ «Ховар» Манижа БАҲРОМЗОДА бо сардори Раёсати ҳамкории иқтисодии хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз НАЗАР ҳамсуҳбат гардид.

АМИТ «Ховар»:Муҳтарам Азиз Назар, қаблан мехостем доир ба ҳадафҳои баргузории Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» каме маълумот медодед.

Азиз Назар:  — Мавриди зикр аст, ки кишвари мо таҳти роҳнамоӣ ва ҳидоятҳои судманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи ду даҳсолаи охир ташаббускори асосӣ ҷиҳати пешбурди масъалаҳои об дар рӯзномаи ҷаҳонии рушд мебошад. То ин замон бо ибтикори Пешвои миллат дар Маҷмаи Умумии СММ ҳашт қатънома дар масъалаҳои вобаста ба об бо иттифоқи оро қабул шудаанд, ки аз муҳиму сарвақтӣ будани ин мавзӯъ шаҳодат дода,  таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ҷиҳати ҳалли масъалаҳои об ҷалб кардаанд.

Дар айни замон иқдоми чоруми Пешвои миллат доир ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028” дар сатҳи милливу минтақавӣ ва ҷаҳонӣ мавриди татбиқ қарор дорад. Конфронси мавриди назар маҳз бо мақсади баррасии миёнамуҳлати ин даҳсола дар Душанбе аз 6 то 9 июни соли 2022 баргузор мегардад. Ин конфронси муҳим ҳамчун ҳалқаи асосӣ барои пайвастани занҷираи чорабиниҳои гуногуни ҷаҳонӣ дар раванди омодагӣ ба Конфронси соли ояндаи СММ оид ба баррасии миёнамуҳлати Даҳсолаи об нақши калидӣ хоҳад дошт.

Конфронси соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорк, ки зери ҳамраисии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд сурат мегирад, баъд аз қариб панҷоҳ соли нахустин Конфронси оби соли 1977-и СММ баргузор мегардад. Бо дарназардошти ин ҳолат Конфронси дуюми Душанбе таваҷҷуҳи иштирокчиёнро, пеш аз ҳама, ба чигунагии шарикии ҳукуматҳо, СММ ва ниҳодҳои он, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ, бахши хусусӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, донишкадаҳо, ҷамоатҳои маҳаллӣ ва дигар ҷонибҳои алоқаманд дар раванди саҳмгузорӣ дар ҳама сатҳҳо дар татбиқи ҳадафҳо ва вазифаҳои марбут ба захираҳои об ҷалб хоҳад кард.

Ин  амр дастрасии ҳадафҳоро дар доираи Рӯзномаи рушди устувор то соли 2030, чаҳорчӯбаи Сендай оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ, Рӯзномаи амалиёти Аддис-Абеба, Созишномаи Париж оид ба иқлим, бахусус муборизаи дастҷамъона ба пайомадҳои буҳрони COVID-19 дар назар дорад.  Хулоса, ҳадафҳои асосии Конфронси дуюми Душанбе, пеш аз ҳама, аз инҳо иборатанд:

— пешниҳоди иттилооти нав оид ба фаъолият ва амалҳое, ки дар Эъломияи ниҳоӣ, хулосаи ҳамраисон ва шарикии Конфронси якуми Душанбе оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба об, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва СММ соли 2018 ташкил карда шудаанд;

— вусъати дастрасӣ ба ҳадафҳои дар сатҳи байналмилалӣ, минтақавӣ ва миллӣ мувофиқашуда, аз ҷумла тавассути татбиқи чаҳорчӯбаи суръатбахшии ҳадафҳои рушди устувор;

— қабули қарорҳои илман асоснокшуда бо дарназардошти технологияҳои муосир ва инноватсионӣ;

— таҳкими иқтидор, дониш ва таълим тавассути табодули иттилоот ва таҷрибаи пешқадам;

— муаррифии шарикии муваффақ, тарғибот ва шабакавӣ байни ҷонибҳои манфиатдор дар ҳама сатҳҳо;

— таҳкими ҳамкорӣ дар сатҳҳои гуногун тавассути пешбурди муколама, шарикӣ ва равиши байнисоҳавӣ.

Тавре мебинем, Конфронси навбатии Душанбе марбут ба об, ба баррасии ҳамбастагии захираҳои обу тағйирёбии иқлим бо дарназардошти рушди манбаъҳои об ҳамчун омили калидии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва коҳиш додани оқибатҳои он нигаронида шудааст. Ин чорабинӣ ҳамчунин барои муҳокимаи дастовардҳо ва мушкилот дар татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал дар соҳаи об имкон фароҳам меорад.

АМИТ «Ховар»:Дар Конфронси навбатӣ иштироки кадом созмону ташкилоти минтақавию байналмилалӣ дар назар аст?

Азиз Назар: — Барои иштирок дар Конфронси дуюми оби Душанбе сарони давлату ҳукуматҳои кишварҳои узви СММ, ниҳодҳои СММ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ, доираҳои тиҷоратӣ, ташкилоти ғайридавлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, муассисаҳои илмӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор даъват шудаанд. То имрӯз таъйиди иштироки ҷонибҳои манфиатдор идома дорад.

АМИТ «Ховар»:Барномаи конфронс, ҷаласаҳои пленарӣ ва панелҳои мавзӯиву интерактивӣ фарогири кадом масъалаҳо хоҳанд буд?

Азиз Назар: — Барномаи конфронс маросими ифтитоҳ ва хотимавӣ, ду ҷаласаи умумӣ, панелҳои интерактивӣ ва шарикӣ, форумҳои махсуси гурӯҳҳои минтақавӣ ва асосӣ, инчунин намоишгоҳ, фестивали об, марафон, анҷуману чорабиниҳои дигари қабл аз конфронсро дар бар хоҳад гирифт. Конфронси дуюми Душанбе аз 12 панели мавзуӣ ва интерактивӣ бо мақсади фарогир сохтани ҳадаф ва мавзӯъҳои он иборат аст.

Панелҳо ба баррасии Ҳадафҳои рушди устувор, дигар ҳадафҳои марбут ба об, ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба об ва абзорҳои расидан ба онҳо тамаркуз хоҳанд кард. Онҳо дар якҷоягӣ бо шарикони Раванди оби Душанбе, аз ҷумла кишварҳои узви СММ, агентиҳо ва барномаҳои СММ, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ, шарикони рушд, ширкатҳои хусусӣ, инчунин доираҳои илмӣ ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ ташкил карда мешаванд.

Панелҳо ба се гурӯҳи асосӣ ҷудо шуда, ба мавзуъҳои гуногун тибқи се ченаки рушди устувор бо дарназардошти давраи пас аз буҳронии ҳамагирии COVID — 19 гурӯҳбандӣ шудаанд. Мавзӯъҳои асосии ин чорабиниҳо об барои саломатӣ ва одамон (1), об барои воситаҳои зиндагӣ ва рушди фарогир (2), об, муҳити зист ва устувории иқлим (3) ва ҳамчунин як гурӯҳи алоҳидаи панелҳои интерактивӣ (мутобиқ ба соҳаҳои маориф, технология, огоҳӣ ва дониш) ба ҳисоб мераванд. Дар умум, дар ҳошияи Конфронс 12 панел амал хоҳад кард.

АМИТ «Ховар»:Ҳадафи баргузории форумҳои минтақавӣ ва форумҳои гурӯҳҳои асосӣ қабл аз маросими кушодашавии конфронс аз чӣ иборат аст?

Азиз Назар: Форумҳои алоҳида қабл аз чорабинии асосӣ, мутобиқи ҳадафҳои конфронс бо мақсади ҷалби мақсадноки минтақаҳои гуногун, занон, ҷавонон ва дигар гурӯҳҳои асосӣ баргузор карда мешаванд. Ба ибораи дигар, ҳадафи форумҳои мазкур фароҳам овардани платформаи иловагӣ барои муҳокимаи васеътари масъалаҳои марбут ба об миёни ҷонибҳои манфиатдор ва минтақаҳои алоҳида мебошад.

Форумҳо инчунин ба иштирокчиён имконият медиҳанд, ки дар доираҳои маҳдуд оид ба татбиқи натиҷаҳои Конфронси якуми Душанбе мулоҳиза ронда, ҷиҳати пайгирии баъдии он қарорҳои дахлдор қабул намоянд.

АМИТ «Ховар»: Дар хусуси шинос намудани иштирокчиёни Конфронс, хусусан меҳмонон аз кишварҳои ҷаҳон бо ҷойҳои таърихии мамлакат чӣ нақшаҳо дар назар аст?

Азиз Назар: — Тибқи таҷриба, дар рӯзи охирини конфронс сайру тамошои иштирокдорон ба мавзеъҳои сайёҳии кишвар ташкил карда мешавад. Ин дафъа низ кишвари мо ният дорад ба қисми ниҳоии чорабинӣ барномаи сайёҳӣ ворид намуда, боздиди меҳмонони конфронсро аз маконҳои сайёҳию таърихии кишварамон, мисли Саразм, Кӯли Сарез, Ҳисору Варзоб, Искандаркӯл ва дигар мавзеъҳо танзим намояд.

АМИТ «Ховар»:Чанде қабл сомонаи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»  низ фаъол гардид. Дар сомона кадом маълумоти муҳим ҷой дода шудааст?

Азиз Назар: — Торнамои конфронс бо суроғаи www.dushanbewaterprocess.org  фаъол буда, саҳифаҳои расмии чорабинӣ дар шабакаҳои иҷтимоии Твиттер ва Фейсбук низ амал мекунанд. Дар торнамои Конфронс маълумоти муфассал роҷеъ ба бахшҳои расмӣ, логистикӣ, ҳуҷҷатҳо, мақсади чорабинӣ, инчунин барномаи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва дигар маълумоти дасти аввал барои иштирокдорони чорабинӣ ҷойгир шудаанд.

Илова ба ин, маълумоти  торнамо пайваста аз ҷониби Котиботи об аз нав карда мешавад. Бояд гуфт, ки номнависи тамоми ширкаткунандагон, аз ҷумла ҳайатҳои расмӣ дар Конфронси дуюми Душанбе тавассути торнамои Конфронс www.dushanbewaterprocess.org/registration/ сурат мегирад. То имрӯз аллакай 1000 нафар барои иштирок дар Конфронси дуюми оби Душанбе номнавис шудаанд.

АМИТ «Ховар»:Тоҷикистонро солҳои баъдӣ кадом ҳамоишҳои муҳими сатҳи байналмилалии марбут ба обу иқлим интизор аст?

Азиз Назар: Чуноне дар оғози суҳбат гуфтем,   Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускори байналмилалӣ дар соҳаи об таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон минбаъд низ бо мақсади татбиқи ҳадафҳои рушди устувори вобаста ба соҳаи об ва беҳдошт, инчунин мусоидат ба муборизаи дастҷамъонаи башарият бар зидди  норасоии оби нӯшокӣ ва тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи об пайваста талош хоҳад варзид.

Кишвари мо захираҳои бузурги оби ошомиданиро дар минтақа ва ҷаҳон доро буда, бо дарназардошти таҳдиди гармшавии иқлим ба манбаъҳои об ташаббусҳои дигарро дар робита ба ҳифзи пиряхҳо пешниҳод намудааст. Имрӯз дар ҳамкорӣ бо шарикони байналмилалӣ бо мақсади таъйиди ин ташаббусҳо аз ҷониби СММ тадбирҳои амалӣ андешида мешаванд. Дар ин асос дар доираи нақшаи чорабиниҳои соҳаи оби Тоҷикистон низ баргузории чорабиниҳои сатҳи милливу байналмилалӣ, ба мисли Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» аз эҳтимол дур нахоҳад буд. Дар ин робита Вазорати корҳои хориҷӣ воситаҳои  ахбори кишварро бо маълумоти зарурӣ таъмин хоҳад кард.

АМИТ «Ховар»:Ташаккур барои суҳбат.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 12, 2022 08:36

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ЭҲЁИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Бо Пешвои миллати фарҳангдӯст ва ҳунарпарварамон ифтихор дорем
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДОНИШҶӮЁН. Ҷавонони тоҷик дар донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон таҳсили намунавӣ менамоянд
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент
ИДОРАКУНИИ ПРЕЗИДЕНТӢ – шакли муассири идоракунии давлатӣ ва равнақбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол
ПРЕЗИДЕНТИ ТАШАББУСКОР. Нақши Сарвари Тоҷикистон дар ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои оби тоза дар ҷаҳон беназир ва муассир аст
ТАШАББУСИ ШОИСТАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА. Дар ҳошияи пешниҳоди Президенти Тоҷикистон вобаста ба қабули қатъномаи махсуси СММ оид ба «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда»
ГЕОСТРАТЕГИЯ ВА ГЕОПОЛИТИКАИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Ба Рӯзи Президент бахшида мешавад