Кормандони раёсатҳои минтақавии мақомоти гумрук касбияти худро дар самти фаъолияти кинологӣ баланд бардоштанд
ДУШАНБЕ, 18.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони раёсатҳои минтақавии гумрукӣ дар вилоятҳои Суғд, Хатлон, шаҳри Турсунзода ва шаҳри Душанбе дар заминаи Маркази кинологии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни баргузории давраи омӯзишӣ савияи дониш ва касбияти худро дар самти фаъолияти кинологӣ баланд бардошта, соҳиби гувоҳнома гардиданд.
АМИТ «Ховар» ба истинод ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки ин машғулият ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониши кормандони дар самти кинологӣ фаъолияткунандаи мақомоти гумрук роҳандозӣ гардид. Дар давраи омӯзишӣ кормандон аз раёсатҳои минтақавии гумрукии шаҳру ноҳияҳо бо сагҳои хизматии худ иштирок намуданд.
Ҳадафи ташкили машғулияти омӯзишӣ- омода намудани нозирон-кинологҳои мақомоти гумрук ва сагҳои хизматии онҳо мебошад, ки дар фаъолияти ҳамарӯзаи онҳо нақши муҳим мебозад.
Машғулият аз тарафи устодони Маркази кинологии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ҷалби кормандони масъули раёсатҳои дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук тибқи нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 гузаронида шуд.
Муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Изатулло Ҳурматзод ва муовини Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҷумҳурӣ Раҳмоналӣ Раҳимзода аз раванди омӯзиш дар маркази кинологии Агентӣ, шароити буду боши кормандон ва нигоҳубини сагҳои хизматии мақомоти гумрук диданд намуданд.
Ҳамчунин дар саҳни ҳавлии Маркази кинологии Агентӣ чорабинии амалӣ оид ба натиҷаи омӯзиш баргузор гардид.
АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Ба хотири гиромидошти 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар Шаҳринав ҳамоиши илмӣ доир шуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Моҳи май дар пойтахти Тоҷикистон Фестивали об баргузор мешавад
Оид ба масъалаҳои мубрами филологияи Шарқ ва робитаҳои адабӣ конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Каналҳои магистралии Вахш ва Шуробод ба таҷдиди куллӣ фаро гирифта шудаанд
Дар заминҳои назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и ноҳияи Кӯшониён картошка кишт карда шудааст
Сулҳофар, тоҷикпарвар, ваҳдатгаро, ташаббускор, роҳкушо, нурофар, сипаҳсолор — ҳафт сифати барҷастаи роҳбарии Пешвои миллат
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд вохӯрӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад
Аз 1 то 3 май дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст
Монографияи илмӣ оид ба журналистикаи сайёҳӣ ба нашр расид






