Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо президенти Конфедератсияи футболи Осиё мулоқот намуданд

Май 6, 2022 14:40

ДУШАНБЕ, 06.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ Рустами Эмомалӣ имрӯз, 6 май бо президенти Конфедератсияи футболи Осиё Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа мулоқот анҷом доданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни суҳбат роҳбарони ФФТ ва КФО дурнамои ҳамкории минбаъда, бахусус рушди имрӯзу ояндаи футбол дар Тоҷикистон ва ҳамчунин дар минтақаи Осиёи Марказиро баррасӣ карданд.

«Шуморо ба Душанбе хайрамақдам гуфта, ба Конфедератсияи футболи Осиё барои татбиқи якчанд лоиҳаҳо дар Тоҷикистон миннатдорӣ баён мекунам. КФО дар рушди футбол ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ нақши муҳим дорад. Дар давраи пандемия Тоҷикистон ба маркази футбол табдил ёфт ва солҳои охир мо ҳам таҳти сарпарастии Конфедератсияи футболи Осиё ва ҳам таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ якчанд мусобиқаҳоро бомуваффақият баргузор намудем. Ҳамеша омодаем, ки ҳама гуна ташаббусҳои КФО-ро, ки ба рушди футбол дар минтақаи мо нигаронида шудаанд, дастгирӣ намоем», – иброз намуд президенти ФФТ Рустами Эмомалӣ.


Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа дар навбати худ ба президенти ФФТ барои истиқболи самимӣ ва ташаббусҳои ҳамаҷонибаашон баҳри рушди футболи Осиё изҳори сипос намуд.

«Ин аввалин сафари ман ба Тоҷикистон пас аз пандемия аст ва мехоҳам ба шумо барои дастгирии ҳамаҷонибае, ки ба рушди футбол дар минтақа расонидаед, ташаккур гӯям. Мо аз Федератсияи футболи Тоҷикистон, ки дар давраи пандемия соли гузашта бозиҳои чаҳор гурӯҳи марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 байни дастаҳои занону ҷавонон (U-23)-ро мизбонӣ кард, миннатдорем. Мо шодем, ки новобаста аз пандемия мусобиқаҳои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ дар Душанбе баргузор мешаванд ва ҳамеша омодаем, ки дар ин самт шуморо дастгирӣ намоем. Конфедератсияи футболи Осиё аз дастовардҳое, ки Федератсияи футболи Тоҷикистон дар солҳои охир дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба даст овардааст, ифтихор мекунад. Мо аз фаъолияти пурсамари Конфедератсияи футболи Осиёи Марказӣ, ки Шумо роҳбари он мебошед, хушҳолем. Инчунин мехоҳам ба шумо барои дастгирии ҳамаҷониба дар баргузории Кумитаи иҷроияи КФО дар Душанбе изҳори сипос намоям», – гуфт президенти КФО Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа.

«Ман медонам, ки шумо дар пеш корҳои зиёде доред. Мо ҳамеша дар ихтиёри шумоем, доимо дар каноратон ҳастем ва омодаем, ки дар татбиқи нақшаҳои рушди футболи Тоҷикистон шуморо ҳамроҳӣ кунем», – илова намуд президенти КФО.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 6, 2022 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

«CAFA Nations Cup-2023». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон тамринҳои навбатиро дар шаҳри Тошканд доир кард
ҶОМИ МИЛЛАТҲОИ АРАБ-2023. Футзалбозони тоҷик аввалин бозии худро бо дастаи мунтахаби Либия баргузор намуданд
Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) ҷамъомади таълимиву тамриниро дар Бангкок оғоз намуд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) омодагиро ба марҳилаи интихобӣ оғоз намуд
ГРАН-ПРИИ ДУШАНБЕ-2023. Дар рӯзи охири мусобиқа ҷудочиёни Тоҷикистон ду медал ба даст оварданд
ГРАН-ПРИИ ДУШАНБЕ -2023. Имрӯз рӯзи ниҳоии мусобиқа аст
ГРАН-ПРИИ ДУШАНБЕ-2023. Дар рӯзи дуюми мусобиқа ҷудочиёни Тоҷикистон се медал ба даст оварданд
ГРАН-ПРИИ ДУШАНБЕ-2023. Дар рӯзи дуюми мусобиқа се ҷудочии Тоҷикистон ба финал баромад
ГРАН-ПРИИ ДУШАНБЕ-2023. Имрӯз рӯзи дуюми мусобиқа доир мешавад
ГРАН-ПРИИ ДУШАНБЕ-2023. Дар рӯзи аввали мусобиқа ҷудочиёни Тоҷикистон ду медал ба даст оварданд
Маросими ифтитоҳи Гран-прии Душанбе-2023 доир шуд
ГРАН-ПРИИ ДУШАНБЕ-2023. Имрӯз рӯзи аввали мусобиқа оғоз мешавад