СУПЕРҶОМИ ТОҶИКИСТОН-2022. Замони баргузории он миёни «Истиқлол» ва «Хуҷанд» муайян шуд

Май 4, 2022 12:11

ДУШАНБЕ, 04.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. 8 май дар варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»-и шаҳри Турсунзода бозии   Суперҷоми Тоҷикистон-2022  бо иштироки  Чемпиони Тоҷикистон — дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  ва барандаи нишонҳои нуқраи чемпионати Тоҷикистон — дастаи  «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд  баргузор мешавад, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Мавсими гузашта дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бозии Суперҷоми Тоҷикистон-2021 миёни дастаҳои  футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  ва «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб  хеле ҷолиб баргузор шуда, бо натиҷаи 2:0 ба суди  дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе хотима ёфта буд. Дар ин рақобати пуршидат голҳои дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанберо легионери ҳолландӣ Ҳусейн Доған дар дақиқаи 56 ва Алишер Ҷалилов дар дақиқаи 60 ба нишон  расониданд. Ҳамин тавр, дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо ду голи беҷавоб бар дастаи футболи  «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб  ғалаба карда, барандаи Суперҷоми Тоҷикистон-2021 гардида буд.

Ёдовар мешавем, ки дастаи  «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бори 10-ум Суперҷоми Тоҷикистонро ба даст овард.

Натиҷаҳои ҳама бозиҳои Суперҷоми Тоҷикистон (2010-2021):

2010. «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Истиқлол»  (Душанбе) – 0:2
2011. «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ»  (Турсунзода) – 1:0
2012. «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ»  (Турсунзода) – 2:1
2013. «Равшан» (Кӯлоб) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1
2014. «Равшан» (Кӯлоб) – «Истиқлол»  (Душанбе) – 0:5
2015. «Истиқлол» (Душанбе) – «Хайр»  (Ваҳдат) – 2:2. (пен.4:3)
2016. «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд»  (Хуҷанд) – 3:2
2017. «Истиқлол» (Душанбе) – «Ҳосилот»  (Фархор) – 1:2
2018. «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд»  (Хуҷанд) – 3:2
2019. «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:0
2020. «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд»  (Хуҷанд) – 2:1
2021: «Истиқлол» (Душанбе) – «Равшан» (Кӯлоб) – 2:0
2022: «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) — ?

АКС: ФФТ

Май 4, 2022 12:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Темурмалик Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) баргузор шуд
Дар Тоҷикистон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор мегардад
Дар Истаравшан Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини юнонӣ-румӣ доир шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Дастаи наврасони Тоҷикистон дар даври чорякниҳоии мусобиқа бо дастаи Ҷопон бозӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тимҳои Австралия, Ироқ ва Сингапур бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Чин иштирок дорад
ФУТБОЛ. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) ба Ҷоми ҷаҳон-2026 роҳ ёфт
Дар ноҳияи Темурмалик Мусобиқаи байналмилалии гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) баргузор мегардад
Соли 2024 Маҷмаи Умумии СММ пешниҳоди Тоҷикистон доир ба эълони Рӯзи ҷаҳонии футболро пазируфт
Ба муносибати Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқа мусобиқаҳои варзишӣ доир гардиданд
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) мусобиқаро бо ғалаба оғоз намуд
Ғолибони даври ҳафтуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд

Маводҳои таҳлилӣ