Тоҷикистон ва Узбекистон таҳкими ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист баррасӣ карданд

Май 27, 2022 13:19

ДУШАНБЕ, 27.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. 25 май дар шаҳри Тошканд Раиси  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Баҳодур Шерализода бо раиси  Кумитаи давлатии экология ва ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Узбекистон Нарзулло  Обломуродов  мулоқот намуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зист хабар медиҳад, ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкорӣ ва дурнамои рушди онро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист муҳокима намуданд.

Мавриди зикр аст, ки ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии  Раиси  Кумитаи ҳифзи муҳтти зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо мақсади иштирок дар нишасти роҳбарони мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои СҲШ  дар Ҷумҳурии  Узбекистон  қарор дорад.

Интизор меравад, ки дар нишасти Тошканд роҷеъ ба роҳҳои густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои муҳим,  аз қабили мониторинги муҳити зист, гуногунии биологӣ, ҳифзи манотиқи табиӣ, рафъи таъсири тағйирёбии иқлим, ҳамкории илмию техникӣ, идораи партовҳои сахт ва рушди тавонмандӣ, баланд бардоштани иқтидори  мутахассисон  табодули афкор сурат гирад.

Инчунин дар анҷоми  ҷаласаи вазирони ҳифзи муҳити зисти кишварҳои узви СҲШ тасдиқи Барномаи муштараки таъсиси Платформаи ягонаи табодули иттилооти экологии СҲШ дар назар аст.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 27, 2022 13:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд