ҲАДИСИ МУСАВВАР. Имрӯз дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2022» ба кори худ шурӯъ намуд
ДУШАНБЕ, 24.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар муҷтамаи «Манеж»-и шаҳри Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2022» ба кори худ оғоз намуд. Намоишгоҳ аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати ҶТ ва бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуда, то 26 июн идома меёбад.
Дар Намоишгоҳ молу маҳсулоти зиёда аз 70 ширкату корхонаҳои ватанӣ ва хориҷӣ ба намоиш гузошта шудаанд.
Мақсад аз баргузории намоишгоҳ муаррифии молу маҳсулоти ватанӣ, ворид намудани технологияи нав, ҷалби сармоя ва таъсиси корхонаҳои муштарак мебошад.
Дар доираи баргузории Намоишгоҳ инчунин ярмарка-фурӯши маҳсулоти босифати ғизоӣ ва саноатӣ барои меҳмонон ва сокинон бо нархҳои дастрас ташкил карда мешавад.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» Шаҳлои САДРИДДИН дар макони баргузории намоишгоҳ қарор дорад ва тафсилоти бештарро дар давоми рӯз пешниҳод менамояд.
АКС: АМИТ «Ховар»






















Дар Душанбе Озмуни шаҳрии «Оилаи беҳтарин» ҷамъбаст гардид
Муовини Раиси шаҳри Душанбе дар Конфронси байналмилалии ҳамкорӣ ва рушди бародаршаҳрҳои Чэнду-2026 иштирок намуд
Кумаки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокчии ҷанг аз Душанбе расонида шуд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба сохтмони якчанд иншооти нави мақомоти корҳои дохилӣ санги асос гузоштанд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар муаррифии 30 электробуси нави ширкати «Акиа Авесто автоматив индастри» иштирок намуданд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар пойтахт Фестивали футбол доир мешавад
Дурнамои ҳамкории шаҳри Душанбе ва иёлоти Ютаи Амрико баррасӣ шуд
Дар Душанбе даври шаҳрии Фестивал-озмуни ҳунармандону косибон таҳти унвони «Беҳтарин усто ва шогирд» баргузор шуд
Байни шаҳрҳои Душанбе ва Антверпен робитаҳои фарогир таҳким меёбанд
Даври шаҳрии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар Душанбе даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор шуд
СОКИНИ ПОЙТАХТ БУДАН ИФТИХОР АСТ! Имрӯз Душанбе гаҳвораи тамаддуни миллати тоҷик гардидааст






