ФУТБОЛ. Маросими қуръакашии Ҷоми Тоҷикистон-2022 баргузор шуд

Июнь 18, 2022 10:02

ДУШАНБЕ, 18.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 17 июн дар меҳмонхонаи «Румӣ»-и шаҳри Душанбе маросими қуръакашии марҳилаи асосии Ҷоми Тоҷикистон-2022 оид ба футбол баргузор шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Тибқи натоиҷи қуръакашӣ дар бозиҳои даври 1/8 ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2022, ки рӯзҳои 6 ва 7 август баргузор мешаванд, «Истиқлол» – «Моҳир», «Равшан» (Кӯлоб) – «Равшан» (Зафаробод), «Эсхата» – «Ҳосилот», «Регар-ТадАЗ» – КМВА, «Саройкамар» – «Ҳулбук», «Хатлон» – «Истаравшан», «Динамо» – «Файзканд» ва «Куктош» – «Хуҷанд» бо ҳам вомехӯранд.

Мисли соли гузашта бозиҳои даври 1/8 ва 1/4 ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон аз як бозигӣ ва ниманиҳоӣ аз ду бозигӣ (дар хона ва сафар) иборат мебошанд.

Бояд гуфт, ки барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2022 ҳуқуқи муаррифии кишвари моро дар Ҷоми КФО-2023/2024 ба даст меорад. Агар қаҳрамон ё ноибқаҳрамони Тоҷикистон  соҳиби Ҷоми кишвар шавад, пас барандаи медали биринҷии Лигаи олии Тоҷикистон дар мавсими оянда дар Ҷоми КФО ширкат хоҳад кард.

Ҷоми Тоҷикистон-2022 

1/8 ниҳоӣ 

6-7 август (шанбе, якшанбе)

«Истиқлол» (Душанбе) – «Моҳир» (Ёвон)

«Равшан» (Кӯлоб) – «Равшан» (Зафаробод)

«Эсхата» (Хуҷанд) – «Ҳосилот» (Фархор)

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – КМВА (Душанбе)

«Саройкамар» (Панҷ) – «Ҳулбук» (Восеъ)

«Хатлон» (Бохтар) – «Истаравшан» (Истаравшан)

«Динамо» (Душанбе) – «Файзканд» (Восеъ)

«Куктош» (Рӯдакӣ) – «Хуҷанд» (Хуҷанд)

Акс: ФФТ

Июнь 18, 2022 10:02

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад